Ояти 157 сураи муборакаи Бақара аз як ҳақиқати зебо дар бораи зиндагии инсонҳои сабур хабар медиҳад ва он ин аст, ки ин гурӯҳ машмули салавоти илоҳӣ мешаванд: أُولَئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ: “Дурудҳои Худо ва лутфаш ҳамеша шомили ҳолашон мешавад ва ҳаминҳо ҳидоятёфтаи воқеиянд”.
Аммо салавоти илоҳӣ ба чӣ маъно аст? Калимаи “Салавот” дар китобҳои луғат ба “таваҷҷуҳ” ва “инъитоф” маъно шудааст ва дар тафсири Ал-Мизон гуфта шуда маънои салавот аз Худо раҳмат ва аз малоика истиғфор ва аз мардум дуо аст.
Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, салавоти илоҳӣ ба сурати забонӣ нест; Зеро гуфтори Худованд, ҳамон феъл ва амали Ӯ аст ва феъли Худованд ҳамон сухани равшан ва қатъии Худованд аст. Нуроният, равшанӣ ва покие, ки инсон дар даруни худ эҳсос мекунд аз осори салавоти илоҳӣ ва аз баракоти он аст. Бар асари ҳамин нуроният, инсон ба итоати фармони Худованд алоқаманд ва аз гуноҳ мутанаффир, аз ҷаҳаннам метарсанд, ба биҳишт муштоқ ҳастанд ва бо тамоми вуҷуд ба дӯстдорони Худованд алоқа манд ҳастанд.
Салавоти илоҳӣ баёнгар ва намоишгари сифати олии Худованд яъне “ҳаннон” ба маънои бахшандааст зеро меҳрубонӣ ва инъитоф дар маънои салавот вуҷуд дорад. Бинобар ин салавот ба маънои дуруд гуфтани вижаи Худованд ба собирон ё ҳамон эҳсон ва лутфи амалии Худованд нисбат ба собирон аст. Ӯст, ки боиси расидани собирон ба муваффақиятҳои бештар ва нуронияти дарунии онон мешавад.
Муфассирон гуфтаанд салавот метавонад дараҷоти мухталифе дошта бошад. Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ тавзеҳ медиҳад, ки Расули Акрам(с) бар асари салавоти вижаи илоҳӣ, ба дараҷае мерасад, ки худ маншаъи салавот шуданд ва аз тарафи эшон ба дигарон низ салавот мерасад.
Салавоти Худованд барои бузургӣ ва нуронӣ кардани инсон аст: هُوَ الَّذِي يُصَلِّي عَلَيْكُمْ وَمَلَائِكَتُهُ لِيُخْرِجَكُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ: “Ӯст касе, ки бо фариштагони худ бар шумо дуруд мефиристад то шуморо аз торикиҳо ба сӯи рӯшноӣ баровард ва ба мӯъминон ҳамвора меҳрубон аст” (Аҳзоб/ 43). Ин салавот, нисбат ба мардони Худоӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи торикиҳо мешавад ва нисбат ба дигарон барои аз байн бурдани тирагиҳои дарунӣ аст.