IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 47

Дуои онон, ки нидои имонро шуниданд 

5:51 - August 03, 2023
рақами хабар: 296
Теҳрон (ИКНА) он ҳангом, ки надодиҳандае аз имон ба Парвардгор сухан мегӯяд, иддае ҳастанд, ки гумшудаи худро дар он меёбанд ва ба думболи он нидо мераванд. Ин робита мабнои барои дархости мӯъминон аз Худованд барои ҳамбстагӣ миёни мӯъминон мешавад.

Бахше аз оёти Қуръон, баёнгари дуоҳое аст, ки аз забони Паёмбарон ва афроди парҳезкор баён шуда ва бо иборати "Раббано" (эй Парвардигори мо) оғоз мешавад ва дархостҳоеро аз забони мӯъминони аҳли андеша хитоб ба Парвардигорашон баён мекунад.

Яке аз ин оёт, аз забони касоне аст, ки паёми имонро шунида ва ба он бовар пайдо кардаанд. "Шунидан" яке аз муассиртарин роҳҳои ҳидоят дар инсонҳост ва баъзе аз муфассирон, онро муассиртарин масир, ҳатто болотар аз дидан ва хондан баршумурдаанд.

رَبَّنَا إِنَّنَا سَمِعْنَا مُنَادِيًا يُنَادِي لِلْإِيمَانِ أَنْ آمِنُوا بِرَبِّكُمْ فَآمَنَّا رَبَّنَا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرْ عَنَّا سَيِّئَاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ الْأَبْرَارِ; "Парвардигоро, мо садои мунодии тавҳидро шунидем, ки даъват ме‏кард ба Парвардгори худ имон биоваред ва мо имон овардем, (акнун, ки чунин аст) Парвардигоро, гуноҳони моро бибахш, ва моро бо некон (ва дар масири онҳо) бимирон!" (Оли Имрон,193)

Муфссирон, дар бораи кистии онки нидои имонро сардода, мабоҳисе матраҳ кардаанд:

1- Назди аксари муфассирин, мунодӣ, ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

2- Манзури Қуръони Маҷид аст, зеро бисёр ашхос даъвати ҳузурии ҳазратро дарнёфта, аммо ҳамаи мардумон Қуръонро шунидаанд агарчи Пайғамбарро надидаанд.

Паёмҳои оят дар тафсири Нур

1- Хирадмандон, омодаи пазириши ҳақ ҳастанд ва дар канори посухгӯӣ ба нидои фитрат, ба нидои Анбиё, уламо ва шуҳадо посух медиҳанд. إِنَّنا سَمِعْنا مُنادِياً يُنادِي لِلْإِيمانِ

2- Истиғфор ва эътироф, нишонаи ақл аст.

3- Аз одоби дуо, ки заминаи афви илоҳиро фароҳам мекунад, таваҷҷуҳ ба сифати парваришдиҳандагии илоҳӣ аст. رَبَّنا فَاغْفِرْ لَنا

 

captcha