IQNA

Нахуствазири Дания: мамнуъияти сӯзондани кутуби муқаддас озодии баёнро маҳдуд намекунад

17:59 - August 04, 2023
рақами хабар: 300
Мат Фредриксон, нахуствазири Дания, дирӯз тасреҳ кард, ки маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои ҷилавгирӣ аз сӯзондани кутуби муқаддас, озодии баёнро маҳдуд нахоҳад кард.

Ба гузориши (ИКНА); Ба нақл аз бахши арабии хабаргузории Анатолия, нахуствазири Дания дар ин бора гуфт: «ман инки касе натавонад кутуби одамҳои дигарро бисӯзоандро маҳдудият барои озодии баён намебинам».

Вай бо ишора ба ин, ки мамнуъияти эҳтимолӣ мушкили эҷод намекунад, афзуд: «мухотироти амниятии малмусе вуҷуд дорад. Зимни инки ин хатаре ҳам вуҷуд дорад, ки мо дар саҳнаи байналмилалӣ мунзавӣ шавем. Ба вижа ин масъала дар ҳоли ҳозир мушкилофарин аст чаро, ки мо дорем ин ҳама талош барои эҷоди широкат ва эътилоф анҷом медиҳем».

Дар Дания ҳатки ҳурмат ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим камокон идома дорад ва рӯзи панҷшанбе як гурӯҳи ростгарои ифротӣ бор дигар ба китоб муқаддаси мусулмонон тавҳин кард.

Иқдомоти ҳаттоконаи ахир алайҳи китоби муқаддаси мусулмонон аз рӯзи 28 июн оғоз шуд, замоне, ки як шаҳрванди 37 солаи шветсияӣ ироқӣ ба номии "Салван Момика" бо ҳимояти полиси Шветсия ба Қуръони Карим иҳонат кард. Ӯ ҳудуди се ҳафта баъдтар дар барои дувумин бор ин иқдоми ҳаттоконаро муҷаддадан такрор кард.

31 июл низ бори дигар ин шаҳрванди шветсияӣ ба ҳамроҳи шахси дигаре иқдом ба сӯзондани нусхае аз Қуръон дар муқобили парлумони Шветсия карданд. Ин иқдоми ҳаттокона барои севумин бор дар як моҳи ахир дар Шветсия дар ҳоле сурат гирифт, ки вазорати умури хориҷаи Шветсия дар баёнияе муддаӣ шуд ин кишвар ҳаргуна иқдоми исломҳаросонаро ба шиддат рад карда ва ҳатки ҳурмати Қуръон ё ҳар китоби муқаддаси дигар, тавҳиномез буда ва беэҳтиромӣ ба шумор меояд.

https://iqna.ir/fa/news/4160060 

captcha