Ба гузориши (ИКНА); Алӣ Ал-Файсал бо ширкат дар барномаи "Маъал Ҳадас" шабакаи хабарии Ал-олам тасреҳ кард: тамоми иттифоқоте, ки дар урдугоҳи Айнул-Ҳулва афтодааст, ба мавқеияти ин урдугоҳ ва вуҷуди оворагони фаластинӣ дар онҷо ва амният ва саботи Лубнон осеб мезанад.
Вай изҳор кард: иттифоқоти "Айнул-Ҳулва", муқовимат дар Лубнонро бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли вуқӯъи даргирӣ бо режими саҳюнистӣ ба чолиш мекашд.
Ноиби раиси шӯрои миллии Фаластин ҳамчунин таъкид кард: иттифоқоти Айнул-Ҳулва фақат ба нафъи режими ишғолгар ва Амрико аст, ки қасд доранд Фаластиниҳоро дар нуқоти дӯрдсттар искон диҳанд.
Вай гуфт: нақшаҳои кобинаи ифротии режими саҳюнистӣ дар хусуси кӯчи иҷборӣ ва ихроҷи миллати Фаластин аз сарзамини худ, ин миллатро дастхуши таҳаввулот ва ҳаводиси сиёсӣ кардааст.
Моҷид ал-Зубда, пажӯҳишгари сиёсӣ низ дар ин бора гуфт: бо тааммуле дар ҳаводиси Айнул-Ҳулва, мутаваҷҷеҳи розе дар замонбандии ин ҳаводис мешавем.
Вай низ бо ширкат дар барномаи "Маъал Ҳадас" изҳор кард: даргиртӣ дар урдугоҳи Айнул-Ҳулва, бо таҳдидҳои режими саҳюнистӣ алайҳи ҷануби Лубнон ва низ ташдиди фаъолитҳои муқовимати Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ ва афзоиши ҷиноёти Исроил дар устонҳои мухталифи Фаластин ҳамзамон шуд.
Ин пажӯҳишгари сиёсӣ таъкид кард: ин ҳаводис фақат ба нафъи режими саҳюнистӣ аст ва идомаи он таъсироти фаровоне бар ваҳдати миллат ва муқовимати Фаластин ва равобити байни Фаластин ва Лубнон ва низ зиндагии оворагон дорад.