IQNA

Ҳазорон фаластинӣ намози субҳро дар Масҷидулақсо иқома карданд

18:51 - August 04, 2023
рақами хабар: 303
Ҳазорон фаластинӣ бовҷуди тадобири шадиди амниятии режими саҳюнистӣ намози субҳи имрӯзро дар Масҷидулақсо барпо карданд.

Ба гузориши (ИКНА), ба нақл аз Фаластин Ал-Явм, ҳазорон фаластинӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) намози субҳро дар Масҷидулақсо дар Қудси Ишғолӣ иқома карданд.

Ҳазорон фаластинӣ бо таваҷҷуаҳ ба даъвати фаҷри азим аз манотиқи мухталиф аз ҷумла Каронаи Бохтарӣ худро барои иқомаи намози субҳ ба Масҷидулақсо расонданд.

Низомиёни саҳюнистӣ талош карданд аз вуруди намозгузорон ба Масҷидулақсо бо қарордодани исти бозрсӣ дар шаҳраки қадимӣ ва тафтиши Фаластиниҳо ҷилавгирӣ карданд.

Шаҳракнишинон рӯзона дар иҷрои тарҳи тақсими замон ва макони Масҷидулақсо ба ин макон ҳамла мебаранд. Мардуми Фаластин низ бо ҳузур дар Масҷидулақсо талош доранд то барномаҳои саҳюнистҳоро бекор  кунанд.

http://shabestan.ir/detail/News/1282047 

captcha