IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 49

Шинохти рафтори хоинонаи душманон

20:13 - August 05, 2023
рақами хабар: 307
Мубориза бар зидди рафтори хоинонаи душманон

Теҳрон (ИКНА) интихоби роҳи имон душвориҳое дорад, ки яке аз онҳо таҳаммули душмании бадхоҳон аст. Қуръон зимни ҳушдор дар бораи нияти душманон, наҳваи мубориза барои рафторҳои хоинонаи душманонро ироа медиҳад.

Роҳи имон масири ҳамвор ва равшане аст. Ҳарчанд бо душвориҳое ҳамроҳ бошад, аммо Қуръон барои идомаи ҳаракати мӯъминонаи инсонҳо, пешниҳодҳои содда, аммо дар айни ҳол асарбахш ироа медиҳад.

Яке аз масоиле, ки мӯъминон дар масири ҳаракати мӯъминонаи худ бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, бадхоҳии душманон аст. Иборати “душман” дар инҷо ба тайфе аз афроде ишора дорад, ки ба ҳар далеле бо ҳаракати мӯъминона мухолифат доранд ва талош мекунанд дар масири мӯъминон монеъ эҷод кунанд.

هَا أَنْتُمْ أُولَاءِ تُحِبُّونَهُمْ وَلَا يُحِبُّونَكُمْ...; “Шумо касоне ҳастед, ки онҳоро дӯст ме‏доред, аммо онҳо шуморо дӯст надоранд” (Оли Имрон, 119). Душман албатта гоҳе дар либоси дӯст қарор мигирад ва худро хайрхоҳ нишон медиҳад. Чунонки гоҳе мумкин аст аз афроде бошад, ки ба зоҳир ба Инҷил ё Таврот имон дорад, аммо воқеият он аст, ки зоти душмании чунин афроде нишонгари рӯҳияи ҳақиқатситезии онон аст.

Худованд дар ояти баъдӣ оромишеро ба мӯъминон медиҳад ва сароҳатан мегӯяд, ки “Худованд ба ончи онҳо анҷом медиҳанд, иҳота дорад”, пас ҷои нигаронӣ нест ва ончи бар ӯҳдаи шумо аст, фақат “Истиқомат дар масири диндорӣ” аст:

إِنْ تَمْسَسْكُمْ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ وَإِنْ تُصِبْكُمْ سَيِّئَةٌ يَفْرَحُوا بِهَا وَإِنْ تَصْبِرُوا وَتَتَّقُوا لَا يَضُرُّكُمْ كَيْدُهُمْ شَيْئًا إِنَّ اللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطٌ; “Агар некӣ ба шумо бирасад нороҳат ме‏шванд, ва агар ҳодисаи ногуворе барои шумо рух диҳад хушҳол ми‏гарданд, (аммо) агар (дар баробари онҳо) истиқомат ва парҳезгорӣ пеша кунед нақшаҳои (хоинонаи) онҳо ба шумо зиёне наме‏расонад Худованд ба ончи онҳо анҷом ме‏диҳанд, иҳота дорад. (Оли Имрон, 120)

Нуктаҳо:

Ин оят роҳи шинохти дӯст ва душманро баён мекунад, ки он, таваҷҷуҳ ба рӯҳиёт ва аксуламали дигарон дар мавоқеи комёбӣ ва ё нокомии мусулмонон аст.

Дар оёти қабл аз ин оят, ба мусулмонон сифориш шуда, ки душманонро на ёвр ва ҳамроҳи худ бигиранд ва на дӯсти худ. Ин оят мефармояд: ин бархурд мумкин аст товони сахте дошта бошад ва онон алайҳи шумо тавтеа кунанд, бинобар ин шумо бояд аҳли сабр ва тақво бошед, то ҳилаҳои онон зарбае ба шумо назанад.

Паёмҳо:

1- Ҳасодати душманон ба қадре аст, ки агар андак хайре ба шумо бирасад, нороҳат мешаванд. إِنْ تَمْسَسْكُمْ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ

2- Роҳи нуфузи душман дар мусулмонон, ё тарс ва тамаъи худамон аст ва ё бепарвоӣ ва бетақвоӣ мо, ки сабр ва тақво, роҳи чораи он аст. إِنْ تَصْبِرُوا وَ تَتَّقُوا لا يَضُرُّكُمْ

3- Дар муқобила бо ҳасудоне, ки аз рушди мо нороҳатанд, сабр ва тақво чорасоз ва калиди пирӯзӣ аст. إِنْ تَصْبِرُوا وَ تَتَّقُوا لا يَضُرُّكُمْ

4- Худованд бо ифшои рӯҳиёти душман, ба мусулмонон ҳам рӯҳия медиҳад ва ҳам бедор бош медиҳад. إِنْ تَمْسَسْكُمْ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ ... لا يَضُرُّكُمْ كَيْدُهُمْ

 

captcha