IQNA

Истиқбол аз тиловати қории озарбойҷонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ + филм

0:08 - August 07, 2023
рақами хабар: 310
Тиловати зебо ва мутафовити Муҳаммад Дабиров, қорӣ ва муноҷотхони озарбойҷонӣ, бо истиқболи миллионӣ аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Дунё Ал-Ватан, Муҳаммад Дабиров қорӣ ва муноҷотхони озарбойҷонӣ, бо тиловати зебо ва мутафовити худ ба чеҳраи барҷастаи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шудааст. 

Тиловати Дабиров аз ояти وَابْتَغِ فِيمَا آتَاكَ اللَّهُ الدَّارَ الْآخِرَةَ وَلَا تَنْسَ نَصِيبَكَ مِنَ الدُّنْيَا وَأَحْسِنْ كَمَا أَحْسَنَ اللَّهُ إِلَيْكَ وَلَا تَبْغِ الْفَسَادَ فِي الْأَرْضِ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُفْسِدِينَ: "Ва бо ончи Худоят дода сарои охиратро биҷӯ ва саҳми худро аз дунё фаромӯш макун ва ҳамчунон ки Худо ба ту некӣ карда некӣ кун ва дар замин фасод маҷӯ, ки Худо фасодгаронро дӯст намедорд" (Қасас 77), 8 миллион бор мушоҳида шудааст.

Савти зебои Дабиров бо тиловати мутафовит аз ончи токунун дар миёни қориён роиҷ буда, таваҷҷуҳи мустамиони бисёреро ба худ ҷалб карда ва таъсири зиёде бар онҳо мегузорд. 

Дабиров миллионҳо думбол кунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад, бисёре видеоҳои ӯро ба иштирок мегузоранд ва савт ва тиловати ӯро таҳсин мекунанд.

Муҳаммад Дабиров ҳамакнун машғули забти сураи Каҳф бо ривояти Ҳафс аст то онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кунад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4160499

captcha