Чиҳилу нӯҳумин сураи Қуръони Карим “Ҳуҷурот” ном дорад. Ин сура бо 18 оят дар ҷузът 26 қарор гирифтааст. Ҳуҷурот, ки аз сураҳои маданӣ аст, дар тартиби нузул, садуҳфтумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.
Ҳуҷурот ҷамъи ҳуҷра ва ба маънои утоқҳо аст. Ин вожа дар ояти чаҳорум омада ба ҳамин далел ин сураро Ҳуҷурот номидаанд. Ин иборат ишора ба утоқҳои дорад, ки дар канори Масҷиди Паёмбари Ислом(с) барои ҳамсарони эшон таҳия шуда буд.
Ин сура шомили қавонини ахлоқӣ аз ҷумла одоби иртиботи бо Худо, одобе, ки бояд дар иртибот бо Паёмбар(с) риоят кард ва одоби марбут ба наҳваи иртиботи афрод бо якдигар дар ҷомеа ишора дорад. Ин сура ҳамчунин дар бораи меъёри бартарии афрод бар дигарон, ва ҳокимияти назм дар ҷомеа ва зиндагии саодатмандона ва дар поён ба ҳақиқати имон ва Ислом ишора кардааст.
Ин сура ба мусулмонон дастур медиҳад ба фарофиканӣ таваҷҷуҳ накунанд, аз ғайбат ва бадгӯӣ ва ҷустуҷӯ дар бораи эродҳои дигарон парҳез кунанд ва миён мусулмонон, сулҳ ва ошти барқарор кунанд.
Оёти нахусти сураи Ҳуҷурот, мӯъминонро аз пешигирифтан бар Худо ва Расулаш боз медорад ва ба онон адаби сухангуфтан бо Расули Худо ва ҳамчунин риояти эҳтиром дар ҳузури эшонро меомӯзад, то ҷоеки баландтар будани садои онон аз Паёмбарро мӯҷиби аз байн рафтани аъмоли некашон мешуморад.
Ҳамчунин ба мӯъминон дастур дода шудааст, ки дар эътимод ба ахборе, ки тавассути инсонҳои бадкор баён мешавад, диққат ва дар бораи он таҳқиқ кунанд.
Тавсияи дигари ин сура он аст, ки агар миёни ду гурӯҳ аз мӯъминон ихтилофе шакл гирифт, вазифаи дигарон аст, ки заминаи дӯстӣ ва сулҳро омода кунанд. Ин сура мӯъминонро бародари якдигар донистааст; Барои ҳамин бояд байни онҳо сулҳ ва оштӣ барқарор бошад.
Дар бахше аз ин сура ба шаш ахлоқи нодуруст дар иртибот бо одоб ва равобити иҷтимоӣ пардохтааст, ки иборат аст аз: масхара кардани якдигар, таъна ва айбҷӯӣ, хондани дигарон бо алқоби зишт ва нописанд, бадгумонӣ ба ҳамдигар, таҷассус ва кунҷковӣ дар зиндагӣ ва корҳои дигарон ва пушти сари дигарон сӯҳбат кардан.
Дар ин сура таъкид шудааст, ки масоиле монанди рангу пуст, насаб, нажод ва қавмият набояд мояи ифтихор ва бартарии инсонҳо нисбат ба дигарон бошад, чаро, ки меъёри арзишгузорӣ назди Худо, тақво ва парҳезкорӣ аст.
Оёти поёнии ин сура низ ба баёни тафовути Ислом ва имон мепардозад. Бинобар ин, афроде, ки мусулмон ҳастанд бо касоне, ки дар дилҳояшон имон доранд, мутафовит ҳастанд.