Панҷоҳу якумин сураи Қуръони Карим, “Зориёт” ном дорад. Ин сура бо 60 оят дар ҷузъҳои 26 ва 27 қарор гирифтааст. Зориёт аз сураҳои макӣ аст ва дар тартиби нузул, шасту ҳафтумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.
Иллати номгузории ин сура, омадани вожаи “Зориёт” дар ояти аввал аст. Зориёт ҷамъи “зория” ба маънои бод аст, ки ашёро дар ҳаво пароканда мекунад. Ин вожа фақат дар ин сура омадааст.
Мавзӯъи аслии сураи Зориёт, қиёмат аст. Дар ин сура ҳамчунин ба тавҳид ва нишонаҳои Худо дар офариниш, меҳмонии фариштагон дар хонаи Иброҳим(а) ва маъмурияташон барои азоби қавми Лут, достони ҳазрати Мӯсо(а) ва саргузашти қавми Од, қавми Самуд ва қавми Нӯҳ пардохта шудааст.
Сураи Зориёт бо чаҳор савганд , мабни бар содиқ будани ваъдаи илоҳӣ дар барпоӣ қиёмат , оғоз мешавад. Ин савгандҳо ба “Зориёт”, “Ҳомилот”, “Ҷориёт” ва “Муқассимот” ёд шудааст ва дар ниҳоят таъкид шудааст, ки ончи Худованд ваъдадода, муҳаққақ хоҳад шуд.
Оёти баъдӣ бо интиқод аз андешаи сусти мункирони маод, ба онон ваъдаи азоб медиҳад. Сипас вижагиҳои парҳезкоронро, ки аҳли эҳсон ва шабзиндадорӣ ва бахшиш ҳастандро баён мекунад.
Ин сура ҳамчунин зимни ишора ба нишонаҳои илоҳӣ дар замин ва дар вуҷуди инсон, манбаъи ризқи одамиёнро осмон муаррифӣ мекунад.
Дар идомаи ин сура ба достонҳои бархе паёмбарон ишора кардааст. Аз ҷумла ба достони меҳмон шудани фариштагон бар Иброҳим ва башорати таваллуди фарзанд ба эшон.
Ҳамчунин ба достонҳои ҳазрати Мӯсо (а), қавми Лут, Од, Самуд ва қавми Нӯҳ ва азоби илоҳӣ бар ин ақвом ишора мекунад.
Дар бахши поёнии сура низ бори дигар ба нишонаҳои қудрати Худо дар ҷаҳон, бозгашти хосси инсонҳо ба сӯи Худо ва радкардани ҳаргуна ширк пардохтааст.
Бо таваҷҷуҳ ба шабоҳати вокуниши мункирони Паёмбари Ислом(с) бо рафтори ақвоми гузаштагон, онҳоро мавриди сарзаниш қарор дода ва ба онҳо дар мавриди рӯзи қиёмат ҳушдор медиҳад.
Яке аз нукоти қобили таваҷҷуҳе, ки дар ин сура мавриди ишора қарор гирифта, қарор гирифтани ҷинҳо ва инсонҳо дар канори якдигар ва муштарак будани ҳадафи хилқати онҳо тавассути Худованд аст. Дар ояти 56 Зориёт дар ин маврид омадааст: وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ: “Ва ҷин ва инсро наёфаридам, ҷуз барои онки маро бипарастанд”.
Бинобар назари тафсири Ал-Мизон, тибқи ин оят, ҳадаф аз офариниш, фақат ибодати Худо аст ва ибодат, ҳадафи аслии хилқати инсон аст, ки боиси ҷазби бахшиш ва раҳмати Худованд мешавад.