IQNA

Духтарбчаи фаластинӣ Қуръонро тайи 2 сол ҳифз кард + филм

21:42 - August 08, 2023
рақами хабар: 321
Фаластин (ИКНА) ба нақл аз Ватан, истеъдоди фавқулодаи Сора Ҷамил Оғо, духтарбачаи фаластинӣ дар ҳифзи Қуръони Карим тайи муддати ду сол таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст.

Сора Ҷамил Оғо, духтарбачаи фаластинӣ, тайи ду сол муваффақ ба ҳифзи кулли Қуръони Карим шудааст ва илова бар ин дониши хубе низ аз маонии Қуръон ва таваҷҷуҳи он касб кардааст.

Дар видеое, ки аз ин духтарбачаи фаластинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфта, ӯ либоси суннатии фаластинӣ ба тан дорад ва русарии абрешимии гулдӯзӣ шудаеро низ ба сар кардааст ва аз орзӯи худ барои доктор шудан мегӯяд.

Шабакаи Алҷазира низ як гузориши телевизионӣ аз ин духтарбачаи фаластинӣ мунташир кардааст. Вай бо забони арабӣ фасеҳ тавзеҳ медиҳад, ки чигуна ҳифзи Қуръони Каримро аз 6 солагӣ оғоз кард ва бо тамрини 100 сафҳа дар рӯз дар 8 солагӣ ҳофиз кулли Қуръон шудааст. 

Сора Ҷамил Оғо, дар ин гузориш шарҳи медиҳад, ки чигуна бо истифода аз як равиши ҷадид ба номи "Қоидаи нуронӣ" муваффақ ба ҳифзи Қуръони Карим шудааст. Дар ин равиш қавоиди таҷвид ва тиловати Қуръон ба сурати амалӣ омӯзиш дода мешавад. Равиши Қоидаи нуронӣ, ҷойгузини равише шуда, ки қаблан роиҷ буд ва дар он ҳофизи қавоиди таҷвид ва тиловатро бидуни таваҷҷуҳ ба корбурди он ҳифз мекунад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4160756 

captcha