Ба гузориши ИКНА, теъдоде аз қориён ва доварони маъруфи мисрӣ, аз ҷумла шайх Абдулфаттоҳ Торутоӣ, шайх Аҳмад Фараҷуллоҳ Шозилӣ, Тоҳо Муҳаммад Абдулваҳҳоб, шайх Муҳаммад Алӣ Ҷобин ва шайх Абдуллоҳ Абдуллоҳ, дар паёмҳои ҷудогона вафоти устод Абоиро ба мардуми Эрон, ҷомеаи қуръонӣ ва хонаводаи ин устоди фақид таслият гуфтанд.
Паёми таслияти Аҳмад Фараҷуллоҳ Шозилӣ, қории мисрӣ:
Устод Абдуррасули Абоӣ марде дилсӯз ва падаре меҳрубон буд, ки гӯё бо дидани аввалин бор ӯро аз дерзамон мешинохтед. Ман ӯро шахсияте меҳрубон, саховатманд, кушодарӯ, нуронӣ, насиҳатгар, амонатдор ва маҳбуби дилҳо дидам. Ӯ ҷуз дониш ва ҳунари қироати Қуръон, дониши талаффуз ва риояти аҳкоми таҷвид, яке аз устодони пешсаф буд, ки ба душворӣ мислаш такрор мешавад. Фавти ӯ хисороти ҷуброннопазирест ва замон ба нодирӣ мардеро мисли шайх Абдуррасули Абоӣ, устоди адабиёт ва соҳибахлоқ, хоҳад дид.
Ман ин мусибати сангинро ба миллати Эрони исломӣ таслият гуфта, аз Худованди муттаъол барои рӯҳи он марҳум, мағфират ва раҳмати васеъ ва барои ҳамаи мо сабр ва аҷри бузург талаб мекунам. Умедворам Худо ӯро бо анбиё, сиддиқин, шаҳидон ва солеҳон маҳшур кунад — ва чи ҳамнишинони неке ҳастанд онҳо. Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем. Дуруд бар ҳазрати Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) ва хонавода ва ёронаш.
Паёми таслияти доктор Абдулфаттоҳ Торутоӣ, қории мисрӣ:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ,
Ба номи Худованди Бахшояндаву Меҳрубон:
بسم الله الرحمن الرحیم
"وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ* الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ* أُولَئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ وَأُولَئِكَ هُم الْمُهْتَدُونَ".
Ман аз номи тамоми хонаводаи қуръонии Миср, ин фоҷеаи гарон — вафоти устод Абдуррасули Абоӣ (раҳматуллоҳи алайҳ)-ро ба худ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таслият мегӯям.
Абдуррасули Абоӣ устоди мо ва маҳбуби дилҳои мо буд. Мо таҷрибаҳои хубе бо ӯ дар доварии мусобиқоти қуръонӣ ва маҳфилҳои қуръонӣ доштем.
Шодравон Абдуррасули Абоӣ падари бузург, устоди воло ва дӯсти азиз буд. Аз Худованди муттаъол мехоҳам, ба хотири хидматҳояш ба Қуръон ва аҳли Қуръон, ӯро мавриди раҳмат қарор диҳад ва дар зумраи солеҳон ҷой диҳад ва ба хонаводааш подоши неку ато кунад ва дилҳои моро сабр бахшад ва ӯро аз аҳли биҳишт қарор диҳад.
Паёми таслияти шайх Муҳаммадалӣ Ҷобин, мубтаҳили мисрӣ:
Вафоти олими бузурги қуръонӣ ва марде, ки умри худро дар хидмати китоби Худо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷаҳони Ислом сипарӣ кард - қории бузургвор устод Абдуррасули Абоиро ба худ ва хонаводаи қуръонӣ таслият мегӯем. Аз даст рафтани як қории Қуръон фоҷиаи бузургест ва андӯҳи мо ба хотири таъсире аст, ки устод Абдуррасули Абоӣ бар насли қориёни баъди худ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гузошт... إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ
Паёми таслияти доктор Тоҳо Абдулваҳҳоб, довари мисрӣ ва коршиноси мақомҳои мусиқӣ:
إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ
Уммати исломӣ яке аз бузургтарин андешамандони қуръонӣ ва олими бузургвор Абдуррасули Абоӣ (раҳматуллоҳи алайҳ)-ро аз даст дод.
Ба ҳамаи дӯстону доварони байналмилалӣ, ки дар мусобиқоти ҷаҳонӣ бо он марҳум ошно шуданд ва дар вуҷуди ӯ падар, бародар ва муаллимеро ёфтанд, ки бисёре аз усулҳои доварӣ ва адабро аз ӯ омӯхтанд, самимона таслият мегӯям. Ҳамчунин ин мусибати бузургро ба ҳамаи дӯстдорони ин олими гиромӣ, ҷаноби доктор Абдуррасули Абоӣ таслият мегӯям ва аз Худованди карим хоҳонам, ки ӯро дар зумраи анбиё, сиддиқин ва шаҳидон қарор диҳад ва Қуръони Карим, ки умри худро дар хидмати он сипарӣ кард, шофеъи ӯ ва ҳамаи мо бошад.
Паёми таслияти шайх Абдуллоҳ Абдуллоҳ, қории мисрӣ:
Ба номи Худованди Бахшояндаву Меҳрубон:
Мужда бод бар сабркунандагон, ки ҳар гоҳ ба мусибате гирифтор шаванд, гӯянд: “Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем.”
Дар ин лаҳзаи дарднок, вафоти олим, адиб ва қории фидокор, устоди фақиди эронӣ — Абдуррасули Абоиро ба худ ва аҳли Қуръон таслият мегӯем.