Муҳаммад ибни Абдулкарим, дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии мусулмонон аз роҳандозии музаи байналмилалии Қуръони Карим дар Макка хабар дод.
Вай гуфт, ки ин ибтикор бо ҳадафи интишори паёми Қуръон ва суннат, роҳандозӣ шудааст ва ин муза эъҷозҳои Қуръони Каримро бо пуштивонаи ҳақоиқи илмӣ барҷаста хоҳад кард.
Ба гуфтаи вай барномаи муза тавассути шӯрои байналмилалии уламои ин Иттиҳодия роҳандозӣ шуда, ки як ҳайати машваратии муташаккил аз чанд тан аз уламои аршад аз саросари ҷаҳони Ислом аст.
Коркунони муза вазифаи созмонедҳии конфронсҳо, маҳофил ва суханрониҳоро дар саросари ҷаҳон хоҳанд дошт.
Муҳаммад ибни Абдулкарим гуфт: баррасии идаи ин барномаи пешгом, ки бо таваҷҷуҳ ба мӯҳтаво ва аҳдофи он аввалин дар навъи худ аст ва тавассути бахши хидмат ба китоби Худо ва суннати ин Иттиҳодия анҷом шудааст.
Оли Исо баён кард, ки боздидкунндагон аз сохтумони ин Иттиҳодия метавонанд музаро мушоҳида кунанд. Шӯъби байналмилалии муза ба муаррифии арзишҳои қуръонӣ ва аҳкоми ҳакимонаи мундариҷ дар оёти мепардозад.
Муҳаммад ибни Абдулкарим афзуд, ин муза илова бар баргузории ҳамоишҳо, маҷомеъ, суханрониҳо ва анҷоми таҳқиқоти марбут ба Қуръони Карим ва улуми он, гузориши таърихӣ аз нусахи хаттии Қуръони Карим низ ироа мекунад.