Изтироб ғолибан ба яке аз вижагиҳои ҷомеаҳои имрӯз бадал шудааст. Илова бар муаллифаҳои сабки зиндагӣ ва асароти он, яке аз решаҳои асосии изтиробро метавон дар навъи ақоиди инсонҳо ҷустуҷӯ кард. Чизе, ки Худованд дар Қуръон ба сароҳат баён кардааст:
سَنُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُوا الرُّعْبَ بِمَا أَشْرَكُوا بِاللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَمَأْوَاهُمُ النَّارُ وَبِئْسَ مَثْوَى الظَّالِمِينَ; “Ба зудӣ дар дилҳои кофирон ба хотири инки бидуни далел чизҳоеро барои Худо шарик қарор доданд, тарс меандозем ва ҷойгоҳи онҳо оташ аст ва чӣ бад ҷойгоҳе аст ҷойгоҳи ситамкорон” (Оли Имрон, 151).
Далеле, ки Худованд дар ин оят ба унвони иллати афкандани рӯъб ва тарс дар дилҳои онҳо баён мекунад, ин аст, ки чизҳоеро бидуни далел шарики Худо қарор дода буданд (بما اشرکوا بالله ما لم ینزل به سلطانا).
Рӯй овардан ба хурофа ва канор гузоштани далел ва бурҳон инсонро дар баробари ҳаводиси гуногуни зиндагӣ бисёр нотавонн мекунад; Зеро чунин афроде ба содагӣ дучори иштибоҳи муҳосиба мешаванд ва агар як ҳодисаи ҷузъӣ дар зиндагии онҳо рух диҳад, ин мавзӯъ бисёр бузург дар назарашон ҷилва мекунад ва ба шиддат дучори ваҳшат мешаванд; Ҳамонтавр, ки дар дунёи имрӯз низ афроди қудратмандеро мушоҳида мекунем, ки аз кӯчактарин ҳодиса ваҳшат доранд, зеро такягоҳи маҳкаме дар зиндагӣ барои худ интихоб накардаанд.
Нуктаи таърихӣ
Дар тафсири Нур мехонем: пас аз шикасти мусулмонон дар Уҳуд, Абусуфиён ва лашкариёнаш, ки ҳанӯз аз атрофи Мадина хеле дӯр нашуда буданд, гуфтанд: мусулмонҳо нобуд шуданд ва боқимондаи онон гурехтанд, хуб аст бозгардем ва онҳоро решакан кунем. Вале Худованд ончунон тарс ва ваҳшате дар дили онон афканд, ки монанди шикастхӯрдагон ба Макка бозгаштанд, чун нигарони ҳамлаи мусулмонон буданд.
Паёмҳо бар асоси тафсири Нур
1- Худованд, мусулмононро бо илқои тарс бар қалби душман ёрӣ мекунад. سَنُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُوا الرُّعْبَ
2- Такя ба ғайри Худо, ширк ва омили тарс аст. Ҳамонгуна, ки имон ва ёди Худо омили итминон мебошад. الرُّعْبَ بِما أَشْرَكُوا
3- Мушрик, бар иддаои ширк бурҳон надорад. ما لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطاناً
4- Усули ақоид бояд бар асоси мантиқ ва истидлол бошад. لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطاناً
5- Бурҳон, нури илоҳӣ аст, ки бар дилҳо нозил мешавад ва мушрикон ин нурро надоранд. لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطاناً
6- Ширк, навъе зулм аст. بِئْسَ مَثْوَى الظَّالِمِينَ