IQNA

Мувофиқати кобинаи Урдун бо тарҳи хайриявии чопи Қуръони Карим

17:27 - August 14, 2023
рақами хабар: 342
Урдун (ИКНА) кобинаи Урдун тарҳи ислоҳи низоми барномаҳои хайриявии авқофи соли 2023-ро ба манзури иҷрои барномаи хайривии марбут ба умури қуръонӣ ва чоп ва нашри Қуръонро тасвиб кард.

Ба гузориши ин манбаъ, ин иқдом дар ростои таҳаққуқи аҳдофи вазорати авқоф, умури исломӣ ва амокини мутабаррикаи Урдун дар заминаи таваҷҷуҳ ба Қуръони Карим ва расидагӣ ба умури он дар бахши чоп ва арзёбӣ ва ҳамчунин ташвиқи шаҳрвандон ба кумак барои ин манзур сурат гирифтааст.

Ҳадаф аз ин барнома ташвеқи хайирин барои кумаки молӣ ба барномаҳои қуръонӣ аз ҷумла афзоиши чопи Қуръони Карим ба вижа нусхаҳое бо қатъи бузург ва ҳамчунин ба хатти Брайл унвон шудааст. 

Вазорати авқофи Урдун пештар низ барномаҳое аз ҷумла чопи мусҳафи Ҳошимиро дар заминаи умури муртабит ба чоп ва тавзеъи Қуръони Карим иҷро карда буд, бо ин ҳол чопи Қуръони Карим ба хатти Брайл ва Қуръон бо қатъи хоссе дар солҳои ахир дар ин кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва бо таваҷҷуҳ ба инки эътибороти давлатӣ ихтисос ёфта ба чопи Қуръонҳои вижа кофӣ нест, вазорати авқоф истифода аз кумакҳои хайриявиро дар дастури кор қарор додааст.

https://iqna.ir/00HSqf

captcha