IQNA

Баргузории мусобиқоти байналмилалӣ ва саросарии Қуръон дар Марокаш

21:36 - August 16, 2023
рақами хабар: 348
Марокаш (ИКНА) вазорати Авқоф ва умури исломии Марокаш аз баргузории ҳабдаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Муҳаммади шашум дар сентиябр хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, Авқоф ва умури исломии Марокаш эълом кард: дар чорчуби эҳтимоми ин вазорат ба ҳифз ва қироат ва тафсири Қуръони Карим ва ба муносибати солрузи мелоди Паёмбар(с) дар соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, ҳабдаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Муҳаммади шашум вижаи ҳифз, қироат, тартил ва тафсири Қуръони Карим дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе 12 ва 13 сентябр 2023 баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқот илова бар шаҳрвандони марокашӣ ҳофизон ва қорёне аз кишварҳои арабӣ, исломӣ ва африқоӣ ва ҳамчунин аз Аврупо ва осиё низ ҳузур хоҳанд дошт. Маросими ифтитоҳияи ин мусобиқот рӯзи сешанбе 12 сентиябр аз соати 10:30 субҳ дар толори мадрасаи Қуръони масҷиди Ҳасани дувум баргузор хоҳад шуд.

https://iqna.ir/00HSx6

captcha