Равобити умумии дабирхонаи байналмилалии ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ, Исмоил Оҷарлу зимн эъломи ин хабар гуфт: дар ҷараёни баргузории ҳамоиши эҳдои нишони миллӣ ва ҷашнвораи байналмилалии ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ, маросими вижаое барои бузургдошти мақоми сардор шаҳид Муҳаммади Нозирӣ, фармондеҳи ягони вижаи таковари неруи дарёӣ Сипоҳи Посдорон ва ҳамчунин шаҳида Ширин Абуоқила, хабарнигори Фаластинии- амрикоӣ, баргузор мешавад.
Оҷарлу афзуд: вижагии ин ҳарду шаҳид он аст, ки виҷҳаи ҳиммати худро бар ифшо ва муқобила бо таҷовузот ва иқдомоти зидди ҳуқуқи башари Амрико ва Исроил қарор доданд ва ҳарду дар ҳамин масир ба шаҳодат расиданд.
Гуфтнӣ аст сардор шаҳид Муҳаммади Нозирӣ, фармондеҳи ягони вижаи таковараи неруи дарёӣ Сипоҳи Посдорон, борҳо дар амалиётҳои низомӣ бо киштиҳо ва неруҳои амрикоӣ, ки ба марзҳои Ҷумҳурии Исломии Ирон таҷовуз карда буданд ва ё иқдом ба таҳдид ва рубудани киштӣҳои эронӣ карда буданд, мубориза карданд ва дар ниҳоят дар асари оризаи химявӣ дар канори обҳои нилгуни Халиҷи Форс ба шаҳодат расиданд.
Ширин Абуъоқила низ хабарнигори Фаластинии- амрикоӣ аст, ки ба шакли вижае ба пӯшиши расонаӣ ҷиноёти Исроил дар Фаластин мепардохт ва дар ниҳоят бо шиллики мустақими неруҳои Исроил ба сари ӯ ба шаҳодат расид.
Ин маросим рӯзи шанбе 19 август аз соати 17 то 19 дар салони ҳамоишҳои маҷмӯаи фарҳангии варзишии Талош баргузор мешавад ва ҳузур барои умуми алоқамандон озод аст.
https://iqna.ir/00HSxJ