IQNA

Эъломи ҳамбстагии масеҳиён ва мусулмонон дар Тунис

22:03 - August 16, 2023
рақами хабар: 350
Тунис (ИКНА) садҳо нафар аз масеҳиёни католики Тунис ба ҳамроҳи ҷамъи зиёде аз мусулмонони ин кишвар бо баргузории як роҳпаймоӣ бар ҳамзистӣ дар канори ҳам таъкид карданд.

Бар асоси ин гузориш, пас аз танишҳои шадиде, ки дар Тунис бар сари масъалаи муҳоҷирон ба вуҷуд омад, садҳо католик, ки бисёре аз онҳо сиёҳпӯстони африқоӣ буданд, ба ҳамроҳи ҷамъи зиёде аз мусулмони тунисӣ буданд, роҳпаймоиро барои нишон додани ҳимояти худ аз ҳамзистӣ тартиб доданд.

Пас аз суханронии Қайс Саид, раисҷумҳури Тунис дар моҳи феврал дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, садҳо муҳоҷир аз кишварҳои ҷануби саҳрои Африқо, ки дар Тунис муқим буданд, шуғл ва хонаи худро аз даст доданд, ҳамалоте алайҳи онҳо гузориш шуд ва ҳазорон нафар аз онҳо ба кишварҳояшон бозгардонда шуданд.

Дар авоили июл, садҳо нафари дигар аз шаҳри Сфакс ихроҷ шуданд ва неруҳои амниятии Тунис онҳоро ба минтақаи биёбонии марзи бо Либия мунтақил карданд, ки дар он ҷо дасти кам 27 нафар аз ин муҳоҷирон ҷони худро аз даст доданд ва 73 нафари дигар ҳам нопадид шуданд.

Дар ҳамин робита, созмони ғайридавлатии дидабони ҳуқуқи башар аз «сӯиистифодаи ҷиддӣ» неруҳои амниятии Тунис алайҳи муҳоҷирони сиёҳпӯсти африқоӣ хабар дод ва аз Иттиҳодияи Аврупо хост то ҳимояти худро аз ин кишвар дар эътои тасҳилоти молӣ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мутаваққиф кунад.

Дар гузориши ин созмон, зарбу шатм, боздоштҳои худсарона, сирқати пул, дастгирӣ, ихроҷҳои дастаҷамъӣ, иқдомоти хатарнок дар дарё ва ихроҷи иҷборӣ аз ҷумла мавориди сӯиистифодаи ҷиддии ин неруҳо алайҳи муҳоҷирони сиёҳпӯсти африқоӣ унвон шудааст, ки бояд Иттиҳодияи Аврупоро водор кунад то ҳимояти худро аз ин кишвар дар мубориза бо муҳоҷиратҳои ғайриқонунӣ мутаваққиф кунад.

https://iqna.ir/00HSzt

captcha