IQNA

Вокуниши қории маъруфи кувайтӣ ба пахши Қуръон бо овози ӯ дар Ню-Йорк

11:57 - July 15, 2025
рақами хабар: 3589
Нашри видеое аз пахши садои Қуръон бо тиловати Машарӣ Рошид ал-Аъфасӣ аз тарафи як фурӯшандаи мисрӣ дар яке аз майдонҳои шаҳри Ню-Йорк, бо истиқболи гарми ин қории машҳури кувайтӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши ИКНО, нақл аз d-dall.com, ин фурӯшандаи мисрӣ, ки дар Майдони Таймс Ню-Йорк фурӯшандаи хӯроки тезтайёр (фастфуд) аст, ҳар рӯз овози тиловати Қуръон бо сабки ал-Аъфасиро дар ҷои кораш пахш мекунад.

Бо вуҷуди он ки ҳар рӯз маҷбур аст 50 доллар ҷарима супорад, аммо боз ҳам ин амалро такрор мекунад.

Ин иқдомаш таваҷҷуҳи Машарӣ Рошид ал-Аъфасӣ, қории маъруфи кувайтиро ҷалб кард. Ӯ видеои ин фурӯшандаи мисриро дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи иҷтимоии "Икс" (X) нашр намуд.

Ал-Аъфасӣ бо дуои хайр барояш навишт:

«Илоҳо, ризқи поку муборак насибаш кун, дарҳои раҳмататро аз он ҷо ки ҳатто гумон намекунад, барояш боз намо. Мол, умр ва заҳматашро пур аз баракат гардон. Дар ҳар хайру неке ӯро шарик гардон ва ҳар бадиро аз ӯ дур соз. Он чизеро ки мехоҳад ба ӯ ато намо ва боз ҳам бештар аз он бидиҳ, эй саховатмандтарини саховатмандон.»

Вокуниши корбарон ба ин видео гуногун буд — бархе дастгирӣ карданд, вале гурӯҳе дигар танқид намуданд.

код

4294019

captcha