IQNA

Ҷомеаи Қуръонӣ – пояи асосии рӯҳия ва ҳамбастагии миллӣ дар даврони буҳронҳо

12:27 - July 15, 2025
рақами хабар: 3591
Яке аз пешсафони кори Қуръонӣ дар кишварамон бо ишора ба он ки ҷомеаи Қуръонӣ дар иҷрои вазифаи асосии худ, яъне баргузор кардани нишастҳо ва маҳфилҳои Қуръонӣ, хеле муваффақ будааст, гуфт: «Бо итминон метавон гуфт, ки яке аз омилҳои муҳим ва муассир дар баланд бардоштани рӯҳияи мардум ва ҳифзи якпорчагии ҷомеа дар шароити душвор, ташикили ҳалқаҳои динӣ ва мазҳабӣ дар миёни мардум буд.»

Баҳруз Яригул, аз чеҳраҳои шинохтаи Қуръонӣ дар кишварамон, дар суҳбат бо хабарнигори ИКНО, бо ишора ба ҷинояти ахири режими саҳюнистӣ зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт:

«Бори дигар табиати палиду бадкирдори ин режими ишғолгар рӯшан гардид. Онҳо дар навтарин ҷинояти худ нисбат ба ватани исломии мо дастдарозӣ карданд — таҷовузе, ки бо вокуниши сахт, пурқудрат ва қотеъонаи нерӯҳои мусаллаҳи кишварамон рӯ ба рӯ шуд. Бо вуҷуди он ки ҳатто тасаввурашро намекарданд, маҷбур шуданд қафо раванд.»

Ӯ афзуд: «Албатта, ин ҷанги таҳмилӣ барои мо талафоте дошт, вале дар канораш дастовардҳои арзишманде низ барои кишвар ба бор овард.»

Яригул таъкид кард:

«Бузургтарин дастоварди ин рӯёрӯӣ, эҳёи рӯҳияи ҳамбастагӣ ва якдилӣ дар байни мардум буд. Маҳз ҳамин ҳамдилӣ сабаб шуд, ки нерӯҳои низомӣ, бо итминон ва рӯҳияи болида, тамаркузашонро ба вазифаҳои ҳарбӣ равона кунанд ва дар муқобили душман устувор биистанд.»

Вай илова намуд:

«Бе тардид, яке аз муҳимтарин ва таъсиргузортарин омилҳо дар баланд бурдани рӯҳияи мардум ва нигаҳдории ҳамбастагии иҷтимоӣ дар он шароити ҳассос, ташкили ҳалқаҳои динӣ ва мазҳабӣ миёни мардум буд. Ин ҷараён, дар идома, ба маросимҳои моҳи муҳаррам пайваст, ки дар он мардум бо пайравӣ аз Сайидушшуҳадо (а), рӯҳияи фидокорӣ ва шуҷоатро дар худ бедор карданд.»

«Ин ҷамъомадҳо ба мардум на танҳо оромиши равонӣ, балки як фазои дастгирӣ ва ҳамдардӣ бахшиданд, ки онҳо тавонистанд ҳам бо зиндагии ҳаррӯза хубтар мубориза баранд ва ҳам дар канори ҳамдигар сахтиҳоро таҳаммул кунанд.»

Яригул дар охир гуфт:

«Яке аз намунаҳои равшан ва таъсиргузори ин ҷамъомадҳо, маҳфилҳои тиловати Қуръони Карим буданд, ки ба таври худҷӯш ва густурда дар маҳаллаҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои мухталифи Эрон баргузор мешуданд.»

«Ширкат дар ин маҳфилҳо ва гӯш кардани оятҳои Қуръон — ки дар бисёр ҳолатҳо аз ҷониби қориёни маъруфи миллӣ ва байналмилалӣ хонда мешуд — нақши бузурге дар оромиши равонӣ ва коҳиши изтиробу нигаронии мардум аз вазъи ҷангӣ дошт.»

4293772

captcha