Ба гузориши ИҚНА, нақл аз хабаргузории "Бернама", 65-умин даври мусобиқаи байналмилалии тиловат ва ҳифзи Қуръони Малайзия (MTHQA) рӯзи 2-юми август (баробар ба 11-уми морди) дар Маркази байналмилалии савдои Куала-Лумпур (WTCKL) оғоз мешавад ва то 8-уми август идома мекунад.
Муҳаммад Наим Мухтор, вазири корҳои динии Малайзия, дар як маросими пешакӣ пеш аз оғози мусобиқаи Қуръон дар соли 2025 дар Куала-Лумпур гуфт:
72 нафар қорӣ ва ҳофизи Қуръон аз 50 кишвари дунё дар ин давр иштирок хоҳанд кард.
Ӯ гуфт, ки аз ҳамаи иштирокчиён 40 нафар дар бахши тиловат ва 32 нафари дигар дар бахши ҳифз ба рақобат мепардозанд.
Ӯ афзуд, ки раванди интихоби иштирокчиён аз 19 то 23 май (баробар ба 29-ӯми урдибиҳишт то 2-юми хордад) ба таври онлайнӣ гузаронида шуд ва доварони таҷрибадор онро баҳогузорӣ карданд, то адолат ва шаффофият таъмин шавад.
Мавзӯи имсолаи мусобиқа: «Пешрафти уммат» мебошад ва расман аз ҷониби нахуствазир Анвар Иброҳим ифтитоҳ хоҳад шуд.
Аз кишвари Малайзия, шахсони зерин ширкат мекунанд:
Дар бахши тиловат: Имон Ризвон Муҳаммад Рамлон аз иёлати Перак ва Ван София Айни Ван Муҳаммад Зоҳидӣ аз Теренгану
Дар бахши ҳифз: Муҳаммад Адиб Аҳмад Розини аз Перак ва Путри Ауни Хадия Муҳаммад Ҳаниф аз Келантан
Ба гуфтаи Муҳаммад Наим, ҳайати доварон имсол аз 16 нафар довари болаёқат ва соҳибтаҷриба иборат аст, ки аз кишварҳои гуногун — аз ҷумла Малайзия, Арабистони Саудӣ, Миср, Урдун ва Индонезия — даъват шудаанд. Онҳо кафолати як равандҳои доварии одилона ва рӯшану шаффофро медиҳанд.
Таваҷҷуҳи доварӣ дар бахши тиловат ба 4 ҷанба равона хоҳад буд:
Тоҷвид (дурустии талаффуз),
Лаҳн (оҳанги қироат),
Фасоҳат (равонӣ),
Сифати садо
Дар бахши ҳифз бошад, доварӣ аз рӯйи дурустӣ ва равонӣ сурат мегирад.
Муҳаммад Наим гуфт, ки ин мавзӯъ бо дидгоҳи Малайзия дар бунёди ҷомеаи пешрафта ҳамоҳанг аст – ҷомеае ки на танҳо аз ҷиҳати инфрасохтор ва рушд, балки аз ҷиҳати маънавӣ, фикрӣ ва ахлоқӣ низ тараққӣ ёбад.
Ӯ қайд кард, ки Малайзия аз соли таъсиси MTHQA (8 марти соли 1961) то ба имрӯз як мизбони бомуваффақият маҳсуб мешавад ва дар соли 2016 барандаи ҷоизаи "Беҳтарин барномаи Қуръонӣ" аз ҷониби Ҷоизаи байналмилалии Қуръони Карими Кувайт гардид.
Наим илова кард, ки дафтари исломии ҶАКИМ барои баланд бардоштани сифати мусобиқа, мутобиқ ба ниёзҳои муосир – аз ҷумла истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ (AI) – корро идома медиҳад.
Ғолибони ҳар ду бахш — тиловат ва ҳифз — 40 ҳазор ринггит (пули нақд) мегиранд.
Ҷойи дуввум – 30 ҳазор ринггит,
Ҷойи сеюм – 20 ҳазор ринггит
ва илова бар ин, тӯҳфаҳо аз Фонди рушди иқтисоди исломии Малайзия (YaPEIM) низ дода мешавад.
Дар ҳошияи мусобиқа, як чорабинии махсус баргузор мешавад: тиловати Қуръон аз истгоҳи марказии қатораи Куала-Лумпур то Ҳатяй (Тайланд), ки ҳадаф дорад рекорди “дарозтарин тиловати Қуръон дар як сафари қатории байналмилалӣ”-ро ба қайд гирад.
Маҳсин Қосимӣ, қории маъруфи кишвар, аз тарафи Кумитаи ирсол ва даъвати қориён ва ҳофизони Қуръони Карим ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мусобиқаи байналмилалии Қуръони Малайзия фиристода шудааст.
4294498