
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Тавосул”, деҳаи “Кавсар”, ки дар минтақаи Андалус воқеъ дар ҷануби Испания қарор дорад, 490 нафар ҷамъият дорад, ки бештари онҳо аз аҳолии шаҳри Гранада ҳастанд.
Мусулмонони ин деҳа, ки испониёӣ ҳастанд, Қуръони Каримро ба шеваи суннати Марокашиҳо ҳифз мекунанд ва либосҳои исломӣ мепӯшанд.
Сокинони ин деҳа ҳамчунин, эҳтимоми вижае ба ҳифзи суннатҳои исломӣ доранд ва фарогири саворкорӣ ва тирандозӣ низ бахши дигаре аз фаъолитҳои аҳолии ин деҳаи аврупоӣ аст.
Мусулмонони сокин дар ин деҳа, ки ҳамагӣ испониёӣ ҳастанд, чанд сол пеш тасмим гирифтанд, ки дар як макон гирдиҳам оянд, бинобар ин бо хариди мазрааои бузург, бо хонаводаҳои худ ба ин макон мунтақил шуданд ва деҳаи Кавсарро бино карданд.
Онҳо дар ин деҳа иқдом ба сохти як мактаб ва масҷид карданд, ки фарзандони сокин дар ин масҷид бо истифода аз лавҳҳои чӯбӣ (аз шеваҳои суннати омӯзиши Қуръон) ба фарогирии Каломи Ваҳй мепардозанд.
Ағлаби аҳолии деҳаи Кавсар дорои мадорики таҳсилоти олӣ ҳастанд, аммо барои ин, ки фарзандони онҳо дар як муҳити исломӣ зиндагӣ кунанд, шуғл ва тиҷорати худро раҳо карданд.