Ба гузориши ИҚНО аз САНА, Шӯрои Олии Фатво рӯзи ҷумъа бо содир кардани як фатвои расмӣ ба рӯйдодҳои хунин ва дардноки ахир дар вилояти Суайдо вокуниш нишон дод.
Дар ин фатво як қатор аҳкоми шариат бароварда шуд, ки бар муҳтарам будани хун, ваҳдати ҷомеа, дурӣ аз фитнагарӣ ва кумак наҷустан аз душман таъкид мекунад.Шӯро гуфтааст: Ҳамкорӣ бо душмани хиёнаткор, махсусан Исроил, ки душмании ӯ равшан аст, ҳаром мебошад. Ва дар моҳҳои муқаддас (мисли Рамазон ва дигар моҳҳои ҳаром), ин гуна хиёнат боз ҳам гуноҳи вазнинтар аст.
Онҳо дар ин маврид ба ояти зерин истинод кардаанд:
وَ قَاتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يُقاتِلُونَكُمْ وَ لا تَعْتَدُوا إِنَّ اللَّهَ لا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ
«Бо касоне, ки бо шумо ҷанг мекунанд, дар роҳи Худо биҷангед, вале аз ҳад нагузаред, зеро Худо таҷовузкоронро дӯст намедорад». (Бақара: 190)
Шӯрои Фатво илова кард: Куштани кӯдакон ва занон, ҳамла ба ғайринизомиҳо ва заифон, ва кӯч додани онҳо аз хонаҳояшон — новобаста аз мазҳаб ё миллаташон — қатъиян ҳаром аст.Онҳо мегӯянд: На ҳар касе, ки дар дохили Сурия аст, душман аст. Бояд байни хоинон ва мардумони бегуноҳи Сурия фарқ гузошт.
Ҳамла ба ягон шаҳрванди Сурия — аз ҳар мазҳаб ё минтақае бошад — тибқи шариат ҷоиз нест.
Ягон шаҳрванди Сурия — новобаста аз он ки аз куҷост ё аз кадом мазҳаб аст — набояд мавриди зулм ё ҳамла қарор гирад.
Чун Қуръон мегӯяд
وَ لا تَزِرُ وازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرى
"Ҳеҷ кас гуноҳи дигареро бар дӯш намегирад." (Исро: 15)
Ин муассисаи мазҳабӣ мегӯяд: Фарқ кардан байни касоне, ки бо душман ҳамкорӣ мекунанд ва шаҳрвандони оддӣ зарур аст. Ҳар гуна таҷовуз ба шаҳрвандони Сурия ҳаром аст.Давлат бояд бидуни табъиз (тафовут) ҳамаи шаҳрвандонро ҳимоят кунад, амниятро барқарор созад, фитнаҳоро манъ кунад, касонеро, ки ба мардум ҳамла карданд, дастгир кунад ва ба маҷрӯҳон кумак расонад.
4295041