IQNA

Попи Рум хостори поён додан ба ваҳшонияти ҷанг ва ҷазои ҷамъӣ дар Ғазза шуд

16:09 - July 21, 2025
рақами хабар: 3620
Поп Леви XIV, раҳбари католикҳои ҷаҳон ва Сарвари Ватикан, бо изҳори андӯҳи амиқ аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба танҳо калисои католикӣ дар Навори Ғазза, хостори поён додан ба "ваҳшонияти ҷанг" ва зӯроварии беқонуни низомӣ шуд.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, ин изҳорот пас аз он садо дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба маҷмааи калисои “Хонаводаи муқаддас” дар шаҳри Ғазза, се нафар кушта ва теъдоди дигар, аз ҷумла як рӯҳонӣ (коҳин), маҷрӯҳ шуданд.

Поп дар паёми худ гуфт:

"Ман аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунам, ки ба қонунҳои башардӯстона эҳтиром гузорад, аз ҷазои умумӣ, истифодаи беқайду шарт аз зӯр ва ҷой ба ҷо кардани иҷбории мардум худдорӣ кунад."

Пештар, Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) низ ҳамлаи Исроил ба калисои “Сӯмъаи Лотин” дар Ғазза-ро шадидан маҳкум карда, онро “як ҷинояти дигар алайҳи маконҳои ибодат ва мардуми фирорӣ” номида буд.

Дар баёнияи расмии Ҳамос омадааст:

“Ҳадаф қарор додани калисо аз тарафи ишғолгарон, як бахши равшани ҷанги саросарӣ барои нест кардани миллат ва фарҳанги фаластинӣ аст.”

Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед низ эълон кард, ки Доналд Трамп, президенти вақти ИМА, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, нохушнудии сахти худро аз ин ҳамла изҳор намудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед,

“Трамп ин ҳамларо як иштибоҳи калон номид ва аз Нетаняҳу хост, ки ба таври расмӣ изҳорот диҳад ва тавзеҳ диҳад, ки воқеан чӣ иттифоқ афтодааст.”

4295442

Тегҳо: Рум ، Ғазза
captcha