Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз сомонаи Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон, Шайх Алӣ Муҳйиддин Қаррадагӣ, раиси ин иттиҳодия, рӯзи якшанбеи 29-уми тир бо нашри изҳороте дар ҳимоят аз мардуми Фаластини Навори Ғазза гуфт:
«Хуни кӯдакон, занон ва мардони Ғазза бар гардани тамоми уммати Ислом аст.»
Бале, хуни кӯдакон, занон ва пиронсолони Ғазза ба гардани ҳамаи мо низ ҳаст.
Ҷиҳод ба ҳар шакле, барои наҷоти онҳо, бар ҳамаи давлатҳои исломӣ воҷиб аст.
Қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар Ғаззаро бояд бас кунем... Геносидро бояд феълан қатъ кунем!
Қаррадагӣ гуфт:
«Ман аз ҳамаи давлатҳои исломӣ ва аз тамоми афроди тавоное, ки дар миёни миллатҳои мусалмон ҳастанд, даъват мекунам, ки барои наҷоти инсонҳои бегуноҳе, ки зери муҳосираи нафасгир ва қатли омми барномарезишуда қарор доранд, бо тамоми нерӯ ва ҳар василаи мумкин – бо мол, ҷон, сухан ва амал – ба майдон дароянд.»
Вай афзуд:
«Ончи имрӯз дар Ғазза мегузарад, танҳо як ҷанг нест — балки як ҷинояти комили инсонӣ аст: муҳосираи комил, гуруснагии барномарезишуда ва қатли омми мардуми ғайринизомӣ. Ғазза табдил шудааст ба як зиндон, ки дар он на нон ҳаст, на дору, на об.»
Қаррадагӣ ҳушдор дод:
«Ҳар касе, ки дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза кӯтоҳӣ кунад, дар ҳоле ки тавоно бошад, ба дини Худо ва бародарии исломӣ хиёнат мекунад, ва зери хатари он таҳдиди Худост, ки фармудааст:
«إِنَّ الَّذِینَ تَوَفَّفُونَ الْمَلائِکَةُ وَهُمْ ظَلَمُوا أَنفُسَهُمْ...»
"Онҳое, ки бар худ ситам карда буданд, фариштагон ҷонашонро мегиранд ва мепурсанд: 'Шумо дар чӣ ҳол будед?' Онҳо мегӯянд: 'Мо дар замин аз нотавонон будем.' Гуфта мешавад: 'Оё замини Худо васеъ набуд, то дар он муҳоҷират кунед?' Пас ҷойгоҳи онҳо ҷаҳаннам аст."
(Сураи Нисо, ояти 97)
Ва боз Худованд мефармояд:
وَقِفُوهُمْ إِنَّهُمْ مَسْئُولُونَ
"Онҳоро нигаҳ доред, зеро онҳо пурсиш мешаванд."
(Сураи Соффот, ояти 24)»
Раиси Иттиҳод таъкид кард:
«Ин як лаҳзаи сарнавиштсоз аст — байни шарм ва пирӯзӣ, байни сукут ва иҷрои масъулият.
Агар уммати ислом имрӯз барои Ғазза қиём накунад, на танҳо ҷойгоҳашро, балки обрӯяшро ҳам аз даст медиҳад.»
Дар поён, Қаррадагӣ гуфт:
«Эй уммати Ислом! Бо ҳар чизе, ки доред – мол, гуфтор, амал – ба Ғазза кӯмак кунед.
Хуни бе гуноҳ рехта мешавад, гуруснагӣ даре намепошад, ва ҷони инсонҳо ҷуброннопазиранд.»
Якшанбе – 25 Муҳаррами 1447 / 20 июли 2025
Алӣ Муҳйиддин Қаррадагӣ, раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон
Бояд гуфт, ки бӯҳрони ғизо ва сиёсатҳои қаҳтӣ аз тарафи Исроил боис шудааст, ки мардум ба кӯчаҳо бароянд. Шароити зиндагии онҳо бахайр нест — аз гуруснагии шадид то бемориҳои сироятӣ. Шоҳидони зиёд ва видеоҳо нишон медиҳанд, ки мардум мураттаб ба марг наздик мешаванд.
Гуруснагӣ ба як абзори қатли ом табдил ёфтааст, ки алайҳи 2,4 миллион фаластинӣ истифода мешавад. Танҳо дар ду соли охир, наздики 100 ҳазор нафар бо бомбборон ва тир кушта шудаанд. Танҳо дар чанд моҳи гузашта, ҳангоми тақсими ғизо ба мардум, ҳазорон нафар тир хӯрдаанд, ки бар асоси гузоришҳо, дастикам 1000 нафар дар он ҳодисаҳо ҷони худро аз даст додаанд.
4295465