IQNA

Фарохони ҷаҳонии Шайхи Азҳар барои наҷоти Ғазза аз гуруснагӣ

21:21 - July 23, 2025
рақами хабар: 3628
Шайх Аҳмад Тайиб, раҳбари Азҳар, шомгоҳи сешанбе як фарохони ҷаҳонӣ содир кард, то мардуми Ғаззаро фавран аз қаҳтии маргбор наҷот диҳанд ва аз ҳама виҷдонҳои олам хост, ки барои бас кардани наслкушии як минтақае, ки тақрибан 22 моҳ боз идома дорад, зуд амал кунанд.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз "ал-Қудси ал-Арабӣ", Шайх Аҳмад Тайиб дар вокуниш ба вазъияти фоҷеабори Ғазза таъкид кард: виҷдони инсонӣ имрӯз дар як имтиҳони ҷиддӣ қарор дорад.

Шайхи Азҳар ҳушдор дод: ҳар касе ки бо силоҳ ё бо тасмимҳояш аз Исроил пуштибонӣ мекунад, ҳамдасти ҷиноят аст.

Ӯ илова кард: ишғолгарон қасдан мардуми Ғаззаро, ки барои як бурдаи нон ё қатрае об саргардонанд, гурусна нигоҳ медоранд ва ҳатто маконҳои паноҳгоҳи оворагон ва марказҳои кумакрасонӣ ба тирборон гирифта мешаванд.

Шайх Аҳмад Тайиб афзуд: мо мебинем, ки ҳазорон бегуноҳ дар Навори Ғазза бо хунсардии комил қатл мешаванд; онҳое, ки зинда мемонанд, аз гуруснагӣ ё бе дору ҷон медиҳанд.

Ӯ бори дигар таъкид кард: ҳар касе, ки аз режими Исроил бо силоҳ, тасмим ё суханҳои маккорона пуштибонӣ кунад, шарики наслкушӣ аст.

Бӯҳрони гуруснагӣ ва қаҳтӣ дар Навори Ғазза бо шиддат гирифтани муҳосира ва манъи воридоти ҳар гуна кумакҳои башардӯстона рӯз ба рӯз вазнинтар мешавад.

4295868

captcha