Тибқи гузориши Иқно ба нақл аз Масравӣ, ин зан, ки сокини шаҳри Асуон аст, солҳо натавониста буд таҳсил кунад. Аммо бо кӯшиши ҷиддии худ ва дастгирии наберааш, ниҳоят тавонист бесаводиро пушти сар гузошта, Қуръони шарифро бихонад.
Фотима Алӣ Муҳаммад, бо ширкат дар як барномаи омӯзишии "Не ба бесаводӣ — бо ҳамдигарӣ", ки аз тарафи Вазорати ҳамбастагии иҷтимоии Миср ташкил шуда буд, дар санҷиши саводомӯзӣ бо натиҷаи хуб гузашт ва орзуи деринаашро амалӣ кард.
Оло Эисом, набераи Фотима, дар бораи зиндагии модаркалонаш мегӯяд: вай падари худро дар айёми кӯдакӣ аз даст дод, ва ҳамин чиз боис шуд, ки таҳсилаш нотамом монад. Ӯ ҳатто синфи дувуми ибтидоиро ба анҷом нарасонда, мактабро тарк кард. Азбаски хурдтарин фарзанди хонавода буд, бародару хоҳаронаш аз ӯ нигоҳубин мекарданд. Ӯ хеле ҷавон оиладор шуда, соҳиби 9 фарзанд гардид (5 писар ва 4 духтар).
Ҳарчанд худаш натавониста буд таҳсил кунад, вале Фотима, модаркалони Оло, барои таҳсили фарзандонаш — ҳам писар ва ҳам духтар — бисёр дилсӯзӣ мекард, то мисли ӯ аз таҳсил маҳрум нашаванд. Натиҷа чӣ шуд? Ду духтараш донишкадаи омӯзгориро хатм карданд ва духтари сеюм таҳсилоти панҷсолаи омӯзгориро анҷом дод. Ҳоло ҳамаашон ҳамчун муаллим дар мактабҳо дарс медиҳанд. Писаронаш низ таҳсили миёнаи касбиро гирифта, соҳиби дипломи савдо ё саноат шуданд ва орзуи модарашонро амалӣ карданд.
Оло меафзояд, ки баъд аз он ки модаркалонаш ба синфи саводомӯзӣ рафт, орзуи хондани Қуръонро ба ёд овард. Ҳамин буд, ки Оло ба ӯ ҳарфҳо ва баъзе калимаҳои одиро ёд дод ва баъдан ӯро ба синфи дигарон фиристод. Ҳар рӯз, орзуи халос шудан аз бесаводӣ ба ӯ наздиктар мешуд, то он ки вақти имтиҳон фаро расид ва модаркалонаш бо муваффақият аз он гузашт.
Оло мегӯяд, аз он ки тавонист бо савод кардани модаркалонаш ва кӯмак ба иҷрои орзуи хондани Қуръони Карим, заҳматҳои ӯро қадрдонӣ кунад, бисёр хушҳол аст.
4296188