IQNA

Адои намози муштарак аз ҷониби уламои шиа ва суннӣ дар ҳарами Имом Ҳусейн (а)

14:56 - July 27, 2025
рақами хабар: 3648
Дирӯз, рўзи шанбе, уламову рӯҳониёни аҳли суннат дар ҳарами муқаддаси Имом Ҳусейн (а) намози ҷамоатро зери имомати Шайх Абдулмаҳдӣ Карбалоӣ, сарпарасти ҳарами муқаддаси Ҳусайнӣ ва намояндаи марҷаъияти олии динӣ адо карданд.

Ба гузориши Иқно, ба нақл аз хабаргузории "Нун"-и Ироқ, дар ҳамин росто, Шайх Муҳаммад Алӣ Муҳаммад Ғарирӣ, дабири кулли Иттифоқияи уламои мусулмон дар Ироқ гуфт:
“Мо аз ҳарами Ҳусайнӣ ё Аббосӣ дур нестем. Мо фарзандони ҳамин сарзаминем ва бовар дорем, ки мерос ва аслияти мо аз ҳамин ҷо, аз ин остони пок ва аз ҳузури сарварамон  Имом Ҳусейн сарчашма мегирад.”

Ин олими суннӣ илова кард:
“Рӯзи охири моҳи муҳаррам барои тасаллият гуфтан омадем ва мегуем, ки ҳамчун як ироқӣ дар канори падари шаҳидон  Имом Ҳусейн ва бародараш Абулфазл Аббос (а) истодаем ва дарди диламонро ором мекунем. Имрӯз мо барои касоне, ки моро бӯҳтон мезананд, паём дорем: мо як миллатем  бо иттиҳоду якдилӣ.”

Ӯ афзуд:
“Марҷиаҳои муҳтарами мо парчамбардорони ин миллатанд. Онҳо ҳамеша барои якпорчагӣ ва ваҳдат талош кардаанд. Агар ин мароҷеи динӣ намебуданд, мо ба ин сатҳи амният, сиҳатӣ, меҳру бародарӣ намерасидем.”

Ғарирӣ идома дод:
“Имрӯз мо меҳмони бузургворонамон ҳастем ва ба қудрати Худо, аз ин лутфу дидор маҳрум нахоҳем шуд. Ироқиҳо ҳамеша пуштибони Фаластин ва мардуми Ғазза буданд ва ҳастанд. Мараҷеъ ва уламои бузурги мо эълон кардаанд, ки онҳо аз Фаластин ва Ғазза дастгирӣ мекунанд  чи мароҷеи шиаи Ироқ, чи шайхҳои аҳли суннат. Ҳамагӣ дар паҳлӯи Фаластинанд.”

Ӯ тавзеҳ дод:
“Режими ишғолгари Исроил ду миллион нафарро дар муҳосираи гуруснагӣ қарор додааст ва кӯдакони Ғазза аз гуруснагӣ ҷон медиҳанд. Ин моро ба ёди рӯзҳои муҳосираи беадолатонаи Ироқ меандозад  имрӯз ҳамон рӯз аст. Мо аз мароҷеи бузург дарси ирода мегирем. Аз қиёми Ҳусейн (а) низ меомӯзем, ки дифоъ аз заифон вазифаи ҳар инсони тавоност  ҳатто бо як калима, ё як мушорикат. Ин аст умеди мо: ки Худо ин мусибатро аз сари Ғазза, Ироқ ва тамоми кишварҳои мусулмон бардорад, ва ҳамаи мусулмонон дар тамоми олам ба баракати ин рӯзҳои пурфазилати моҳи муҳаррам, амнияту осоиш ёбанд.”

4296494

captcha