IQNA

Хондани ояти 139 аз сураи "Оли Имрон" бо овози Амирҳусейн Анварӣ + Видео

14:17 - July 30, 2025
рақами хабар: 3664
Амирҳусейн Анварӣ, яке аз қориҳои беҳтарини кишвар, барои иштирок дар пойгаҳи қуръонӣ бо номи "Фатҳ", ки аз тарафи Хабаргузории байналмилалии Қуръон (ИКНО) роҳандозӣ шудааст, ояти 139-уми сураи мубораки Оли Имрон-ро тиловат кард.

Ба гузориши ИКНО, дар пайи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва талошҳои душманон барои нумӯд додани ноумедӣ ва заъиф кардани рӯҳияи миллати бузурги Эрон, ин пойгаҳи Қуръонӣ бо номи "Фатҳ" таъсис дода шудааст.

Мақсади ин пойгоҳ:

баланд бардоштани рӯҳияи сарбозону муҳофизони Ислом,

эҷоди умед ва оромӣ дар ҷомеа,

ва таблиғу густариши паёми Қуръон дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ин пойгоҳ, қориҳои собиқадор, ҷавонон ва фаъолони соҳаи Қуръон метавонанд ояти 139-уми сураи Оли Имрон, оятҳои аввали сураи Фатҳ, сураи Наср ва ғайраро тиловат карда, видеоашонро ба суроғаи fathadmin дар шабакаҳои иҷтимоӣ (монанди Ито, Бале ва ғ.) ирсол намоянд.

Дар ҳамин росто, Амирҳусейн Анварӣ, ки яке аз қориҳои барҷастаи Қуръон аст, ояти 139-уми сураи Оли Имрон-ро хондааст, ки метавонед дар поён бубинед:

وَلَا تَهِنُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِنْ کُنْتُمْ مُؤْمِنِینَ ﴿١٣٩﴾

"Ва заъиф нашавед ва ғамгин набошед, шумо болотар ҳастед, агар муъмин бошед."Дар иҷрои амри Худо ва мубориза бо душманон суст нашавед. Аз сахтиҳо ва душвориҳо натарсед. Агар муъмин бошед  шумо боло ҳастед, шумо ғолиб ҳастед!

код

4296926

captcha