IQNA

Бо ҳузури намояндагони муқовимат Маркази нави Қуръонӣ дар шаҳри «Маъруб»-и Лубнон ифтитоҳ ёфт

15:02 - July 30, 2025
рақами хабар: 3668
Як маркази нави Қуръонӣ, ки вобаста ба ҷамъияти «Қуръони Карим»-и Лубнон аст, дар шаҳри Маъруб ба истифода дода шуд.

Ба гузориши Иқно, ба нақл аз хабаргузории лубнонии nna-leb, ин маркази Қуръонӣ ва толори «Шаҳидон»-и шаҳри Маъруб дар як маросими расмӣ бо ҳузури Ҳасан Фаниш  шаҳрдори Маъруб, фаъолон, шахсиятҳо, уламои дин, сокинони маҳаллӣ ва хонаводаҳои шаҳидони Лубнон ифтитоҳ гардид.

Ҳасан Иззуддин, намояндаи парлумон аз ҷиноҳи «Вафодорӣ ба муқовимат», дар суханронии худ ифтитоҳи марказро табрик гуфта, дар бораи тавсиаи муқовимат ва вазъи Лубнон суҳбат кард.

Ӯ гуфт:

«Вақте мо дар бораи муқовимат ҳарф мезанем, мо онро фақат мазҳабӣ ё тоифавӣ намедонем. Муҷоҳидони муқовимат пайравони ҳақ ҳастанд. Дин ва эътиқоди онҳо — рӯ ба рӯ шудан бо ботил аст.»

Иззуддин бо андӯҳ аз ҳолати ваҳшатбори фаластиниҳо дар Ғазза, ки дар расонаҳо нишон дода мешавад, ёдовар шуд ва гуфт:

«Ҷаҳон ба ин қатли ом нигоҳи бетарафона мекунад. Аммо мо ба қаҳрамонон ва раҳбарони муқовимати худ ифтихор мекунем — онҳо аз худ гузаштанд, ҷони худро фидо карданд, то шараф ва истиқлоли мо зинда бимонад.»

Вай таъкид кард, ки:

«Ҳар он чи имрӯз душмани саҳюнистӣ мекунад, дигар танҳо нақзи муқаррарот нест — ба як таҷовузи доимӣ табдил ёфтааст. Ин таҷовуз дар ҳаво, дарё ва замини Лубнон такрор мешавад — гоҳ шиддат мегирад ва гоҳ кам.»

Ӯ гуфт:

«Ба баҳонаи он ки ин минтақаҳо гӯё зерсохтҳои муқовиматанд, душман даст ба бомбгузорӣ, куштор, вайрон кардани хонаҳо ва ҳар ҷойе ки нахоҳад, мезанад. Ин дар ҳоле ки артиши Лубнон, нерӯҳои ЮНИФИЛ ва созмонҳои байналмилалӣ расман эътироф мекунанд, ки дар ҷануби рӯдхонаи Литонӣ ҳеҷ зерсохти низомии муқовимат вуҷуд надорад.»

«Лубнон ва муқовимат ба қарорномаи оташбас пойбанданд, аммо душман боз ҳам таҷовуз ва ҷиноятҳояшро идома медиҳад.»

Иззуддин афзуд:

«Амрико ва Исроил як стратегияи муштарак доранд, ки табиати воқеии онҳоро нишон медиҳад. Исроил дасти иҷроии Амрико дар минтақа аст. Ҳар коре мекунад — бо раҳнамоӣ ва ҳимояти Вашингтон аст.»

«Ҳар гоҳ Исроил ба шикаст рӯ ба рӯ шавад, худи Амрико ба саҳна медарояд — мисли он чи ки дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дида шуд.»

4297009

captcha