IQNA

Маҳкум шудани беҳурматии расонаҳои ҳиндӣ нисбат ба Раҳбари Муаззами Инқилоб

11:04 - August 02, 2025
рақами хабар: 3674
Ҳаракати беҳурматона ва таҳқиромези баъзе шабакаҳои телевизионии Ҳинд алайҳи Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ (маза-зиллаҳу-л-ъолӣ), Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ, бо вокуниши созмонҳо ва иттиҳодияҳои мазҳабии Ҳинд рӯ ба рӯ шудааст. Сафорати Эрон дар Деҳлии Нав низ ин рафтори ғайрикасбиро сахт маҳкум кардааст.

Ба гузориши "ИКНО", Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳинд тавассути изҳороте дар шабакаи иҷтимоии "X" (собиқ Twitter), нисбат ба пахши гузоришҳои сохта ва таҳқиромез аз тарафи баъзе расонаҳои ҳиндӣ дар бораи Раҳбари Инқилоб вокуниш нишон дода, таъкид кардааст, ки чунин амалҳо ба боварии мардум ва эътибори касбии расонаҳо латма мезанад.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад:

"Расонаҳои ҳиндӣ набояд бо нашри хабарҳои дурӯғу сохта, эътимоди ҷомеа ва ҷойгоҳи касбии худро зери суол баранд."

Дар рӯзҳои охир, баъзе аз расонаҳо, аз ҷумла расонаҳои маъруф, гузоришҳои бепоя ва таҳқиромезе дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раҳбари Муаззами Инқилоб нашр кардаанд.

Сафорати Эрон ин гуна пӯшиши хабариро ғайримасъулона хонд ва илова кард:

"Ин рафторҳо на танҳо андешаҳои мардумро ноором мекунад, балки эътибори расонаҳоро назди тамошобинон сахт коста мекунад."

Сафорат инчунин, бо таъкиди пойбанд будан ба озодии баён ва ҳаққи мардум ба дастрасӣ ба иттилоот, аз расонаҳои Ҳинд даъват кард, ки ҳангоми нашри хабарҳои марбут ба Эрон, аз манбаъҳои боэътимод ва бетараф истифода кунанд ва аз пахши ахбори эҳсосотбарангезу дурӯғ худдорӣ намоянд.

Дар пайи пахши гузоришҳои таҳқиромез аз тарафи баъзе шабакаҳои телевизионии Ҳинд алайҳи Оятуллоҳ Уъзмо Сайид Алӣ Хоманаӣ (м.з.а), Анҷумани Шиъаёни Ҷамму ва Кашмир бо баргузор кардани гирдиҳамоии бузурге дар шаҳри Сринагар ин амалро сахт маҳкум карда, хостори узрхоҳии расмӣ ва вокуниши ҷиддии ҳукумати Ҳинд ва созмонҳои назораткунанда гардид.

Дар ин маросим, як гурӯҳ аз уламову ходимони дин ва аъзоёни Анҷумани Шиъаёни Ҷамму ва Кашмир аз нуқтаҳои гуногун ҳузур доштанд, ки нишондиҳандаи эҳсосоти баланди ҷомеаи шиъа нисбати чунин амалҳои таҳрикдиҳанда аст.

Маҷмааи Уламо (олимони дин) дар Ҳинд низ ин рафтори расонаҳои ҳиндиро сахт маҳкум карда, талаб кардааст, ки бо ин расонаҳо қонунӣ бархӯрд шавад ва расман узр талаб кунанд.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Ибн Ҳасан Амлавӣ, раиси Маҷмааи Уламо, бо пахши изҳороти расмӣ ин амалро сахт маҳкум карда, онро нақзи ошкорои меъёрҳои ахлоқӣ, динӣ ва касбӣ дар соҳаи расона номид.

Дар поёни изҳорот, хитоб ба расонаҳои ҳиндӣ омадааст:

"Агар хонаатон аз шиша аст, ба хонаи дигарон санг напартоед. Риояи ахлоқ, дин ва усулҳои касбӣ дар кори расонаӣ, камтарин интизори мардум аз шумост."

4297247

captcha