Ба гузориши ИҚНА бо истинод ба "Мидл Ист Ньюз", Ҳиём Илясрӣ, вазири иртибототи Ироқ ва Пирҳусайн Куливанд, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, дар дидоре дар шаҳри Бағдод сохтор ва роҳҳои таъмини интернет барои зоирони Арбаъини Ҳусайнӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ ва тамоми масирҳои равон ба сӯи Карбалои муъазза баррасӣ карданд.
Дар баёнияи Вазорати иртибототи Ироқ омадааст, ки ин дидор дар бинои вазорат ва дар чорчӯби таҳкими ҳамкориҳо миёни ду ҷониб, махсусан барои пешниҳоди беҳтарин хидматҳо ба зоирони Арбаъин, баргузор шуд.
Таъмини интернети ройгон дар манотиқи истиқомати зоирон дар нуқтаҳои марзӣ ва дар масири ҳаракати онҳо ба сӯи Карбало, аз ҷумла:
Наҷафи Ашраф
Козимайн
Сомиро
Пуштибонии фаннӣ аз рақами телефони вижаи маслиҳатҳои пизишкӣ, вобаста ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, ки дар дохили Ироқ фаъол аст, то зоирон битавонанд ба таври мустақим иртибот бигиранд ва дар ҳолатҳои изтирорӣ хидматҳои пизишкиро дарёфт кунанд.
Баррасии дастгирӣ аз мукабҳо (паноҳгоҳҳо ва нуқтаҳои хидматрасон ба зоирон) дар тӯли роҳ бо иртиботот ва дигар захираҳои лозим.
Дар ин дидор, инчунин бар зарурати ҳамоҳангии муассисаҳои хидматрасон ва тамоми ниҳодҳои марбута барои истиқболи шоиста аз зоирони Ҳусайнӣ аз Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ таъкид гардид.
4297462