Тафсири мансуб ба Имом Ҳасани Аскарӣ(а), аз тафосири ривоӣ имомия ва мутааллиқ ба қарни севуми ҳиҷрӣ аст. Дар хусуси инки нисбат додани ин тафсир ба Имом Ҳасани Аскарӣ(а) дуруст аст ё на, мабоҳиси фаровоне вуҷуд дорад.
Абумуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад, мулаққаб ба Имом Ҳасани Аскарӣ, (мутаваллиди 846 мелодӣ дар Мадина ва шаҳодат дар 874 мелодӣ дар Сомирро), имоми ёздаҳуми шиаён ва падари Маҳдии Мавъуд аст.
Ин китобро Абуяъқуб Юсуф ибни Муҳаммад ибни Зиёд ва Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Ясор, аз шогирдони ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ(а) ба дастури он ҳазрат ба муддати ҳафт сол имло карданд. Муҳаммад ибни Қосими Астарободӣ низ онро нақл кардааст.
Ин тафсир, тафсири тамоми Қуръон нест. Тафсир аз сураи ҳамд оғоз мешавад ва дар ояти 282 сураи Бқра ба поён мерасад. Ин тафсир, ки дар гунаи “Тафсири Равоӣ” ҷой мегирад, бо баёни тавзеҳот перомуни фазоъли Қуръон ва таъвил ва одоби қироати Қуръон оғоз шудааст ва бо зикри аҳодиси муштамил бар фазоили Аҳли Байт(а) идома ёфтааст.
Дар ин тафсир бархе оёт, таъвил (навъе тафсир, ки маънои дур аз зоҳири калимотро баён мекунад) шуда ва бештари таъвилҳо дар бораи мӯъҷизоти Паёмбар(с) ва имомони шиа аст. Дар маҷмӯъ, дар ин тафсир 379 ҳадис омадааст. Бештари ривояот тулонӣ ва муфассал аст, ба тавре, ки гоҳ як ривоят чандин сафҳаро дар бармегирад.
Яке аз ривоёти маъруфи тафсири Аскари(а), ки умуми фуқаҳо бар сиҳҳати он тасреҳ кардаанд ва онро дар осори худ нақл кардаанд, ривояте аст, ки сифоти фақеҳи ҷомеушшароитро баён мекунад. Матн ва тарҷумаи ривоят чунин аст;
فَمَن قَلَّدَ مِن عَوامِّنا مِثلَ هؤلاءِ الفُقَهاءِ فَهُم مِثلُ اليَهودِ الذينَ ذَمَّهُمُ اللّه ُ بالتَّقليدِ لِفَسَقَةِ فُقَهائهِم .فَأمّا مَن كانَ مِن الفُقَهاءِ صائنا لنفسِهِ حافِظا لِدينِهِ مُخالِفا على هَواهُ مُطِيعا لأمرِ مَولاهُ فلِلعَوامِّ أن يُقَلِّدُوهُ ، وذلكَ لا يكونُ إلّا بَعضَ فُقَهاءِ الشِّيعَةِ لا جَميعَهُم
Тарҷума: “Агар (мусулмонон) аз чунин фуқаҳое (фуқаҳои фосиқи қавми яҳуд) тақлид кунанд, монанди ҳамон яҳудиёне ҳастанд, ки Худованд ононро ба сабаби тақлид ва пайравӣ аз фуқаҳои фосиқ ва бадкорашон накӯҳиш кардааст; Аммо ҳар фақеҳе, ки хештандор ва нигаҳбони дини худ бошад ва бо ҳавои нафсаш биситезад ва мутеи фармони мавлояш бошад, бар авом аст, ки аз ӯ тақлид кунанд ва албатта ин вижагиҳоро танҳо бархе фуқаҳои шиа доро ҳастанд, на ҳамаи онҳо”.