IQNA

Хайри Қуръонӣ аз як шаҳрванди насронӣ барои ҳамсояи мусалмонаш

15:49 - August 05, 2025
рақами хабар: 3693
Як марди насронӣ дар вилояти Модабо (дар Урдун) 100 нусхаи Қуръон чоп карда, ба ёди ҳамсояи мусалмонаш, ки ду рӯз пеш вафот карда буд, тақсим намуд.

Ба гузориши Иқно, нақл аз ал-Ҳақиқа, номи ин марди насронӣ Луъӣ Батарса мебошад. Ӯ бо як амали инсондӯстона ва таъсирбахш, ки рамзи ҳамзистӣ ва бародарии байни мардумони Модабо аст, ин Қуръонҳоро ба ёди Ибтисом Шаҳода Савобта, ҳамсояи вафоткардааш, чоп ва тақсим намуд.

Холид Ҳилол аз-Заъбӣ, писари марҳум, ки сокини маҳаллаи ал-Азизот дар маркази шаҳри Модабо аст, гуфт:
— Вақте дидем як ҳамсояи насронӣ дар рӯзҳои мотам чунин кори нек мекунад, ҳама ҳайратзада шудем.

Ӯ илова кард:
— Ин амали боқимат, ки як ҳамсояи насронӣ анҷом дод, дарди дили моро каме сабук кард ва ба ҳамаи хешу табор ва ширкаткунандагони маросими мотам таъсири амиқ расонд.

Холид ҳамчунин гуфт:
— Ин коре, ки ҳамсояи азизи мо кард, барои мардумони Модабо ва тамоми урдуниҳо ягон чизи ғайриоддӣ нест. Мо ҳама чун як хонаводаем. Дар шодӣ ва ғам якҷо мешавем.

Ӯ таъкид кард:
— Ин амал намунаи муҳаббати ҳақиқист, ки моро чун ҳамсояҳо ва фарзандони як миллат бо ҳам мепайвандад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамсояашон Луъӣ Батарса номи модари вафоткардаашро болои ҳар нусхаи Қуръон навиштааст ва сипас аз писари марҳум хостааст, ки дар паҳлӯи ӯ истад ва ҳамроҳ тасаллияти мардумро қабул кунанд. Ин лаҳза бисёр эҳтиромомез буд ва ҳама бо қадрдонӣ ба он муносибат карданд. Ин воқеа рамзи ваҳдат ва ҳамдилии мардуми Урдун аст.

Дар поён, Холид гуфт:
— Дар Урдун миёни мардум ягон девор нест. Муҳаббат ва эҳтиром моро бо ҳам муттаҳид мекунад. Мо ифтихор дорем, ки намунаи ҳамзистии осоишта ҳастем. Дар ҳар ҳолат  шодӣ ё мотам  фарқ надорад, ки кӣ аз кадом дин аст, ҳамсояҳо пуштибони якдигар ҳастанд.

4297880

captcha