IQNA

Таътилии Карбало ва Наҷафи Ашраф ба муносибати Аъмиёи Арбаъин

15:19 - August 06, 2025
рақами хабар: 3703
Остонҳои Карбало ва Наҷафи Ашраф ба муносибати фаро расидани арбаъини Ҳусейнӣ барои як ҳафта таътил мешаванд.

Ба гузориши Иқно бо иқтибос аз агентии расмии Ироқ, Насиф Ҷасим ал-Хаттаби, вилоятдор (сардори вилоят) Карбало, аз якшанбе барои арбаъин хабар дод. Ин тасмим ба идораҳои хидматрасонӣ ва амниятӣ шомил намешавад.

Ҳамчунин Шӯрои вилоятии Наҷафи Ашраф хабар дод, ки ин вилоят аз панҷшанбе  то панҷшанбе 14-уми август  барои арбаъин таътил хоҳад буд.

Ҳусейн ал-Айсавӣ, раиси шӯрои вилоятии Наҷафи Ашраф гуфт, ки мақсади ин таътил барои фароҳам овардани имконият барои иштирок дар маросими арбаъини Ҳусейн (а) ва кӯмак ба пешниҳоди хидматҳо барои заъирон мебошад.

Ба гузориши ал-Фарат Нюз, ин таътил ба идораҳои амниятӣ ва хидматрасонӣ шомил намешавад.

Бар асоси иттилоъи дафтари Аятуллоҳ ал-Узмо Систонӣ, рӯзи ҷумъа, 24-ми август, ки ба 20-уми Сафари соли ҳиҷрӣ баробар аст, рӯзи арбаъини Ҳусейнӣ дар Ироқ мебошад.

4298527

captcha