IQNA

Қиёми Имом Ҳусайн (а) заминаи муносибро барои зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) фароҳам кард

15:40 - August 15, 2025
рақами хабар: 3735
Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, изҳор дошт: «Имом Ҳусайн (а) бо қиём ва ҳаракати худ — ҳамроҳ бо аҳли байт ва асҳобаш, пояҳои дини мубини Исломро мустаҳкам намуд ва сабр, иффат ва иззатро барпо кард. Бо ин, заминаи муносиберо барои зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) фароҳам сохт.»

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Ал-Манор, Шайх Наим Қосим рӯзи ҷумъа, 24-уми август, дар охири маросими роҳпаймоии Арбаин дар шаҳри Баалбак гуфт:

«Имом Ҳусайн (а) барои ислоҳи уммати ҷаддаш ва баргардондани дин ба роҳи ҳақиқӣ, дар ҳама сатҳҳо қиём кард. Барпо доштани дин бояд бо иззат, рӯҳияи баланд ва мавқеи устувор сурат гирад ва маҳз ҳамин корро Имом Ҳусайн (а) бо аҳли байт ва ёронаш анҷом доданд.»

Тарбия дар мактаби Ҳусайнӣ – Зайнабӣ

Шайх Қосим таъкид кард:

«Мо имрӯз зиндагии худро месозем ва фарзандонамонро бар асоси мактаби Ҳусайнӣ Зайнабӣ, ки бар бахшиш ва фидокорӣ асос дорад, тарбия мекунем то дар мавқеи дурусти инсонӣ қарор дошта бошем. Ва ҳеҷ гоҳ зиллатро намепазирем. Ҳайҳот минназзилла!»

Муқовимат – меваи мактаби Карбало

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд:

«Муқовимат, натиҷаи мактаби Карбало ва зиндагии ҳақиқии уммати исломист. Мо бо муқовимат, бо Фаластин, ва бар зидди Язидҳои замон монанди Амрико ва Исроил истодаем ва пуштибони ҳақ ҳастем.»

Ӯ боз таъкид кард:

«То замоне ки таҷовуз ва ҳамлаҳои душмани саҳюнистӣ идома дорад, муқовимат яроқҳояшро таслим нахоҳад кард. Агар лозим шавад, монанди Карбало хоҳем ҷангид ва мо бовар дорем, ки пирӯз хоҳем шуд.»

4300008

captcha