IQNA

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон: сохти шаҳракҳои нави исроилӣ нақзи қонун аст

11:25 - August 17, 2025
рақами хабар: 3738
Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон бо судури баёнияе, мувофиқати режими саҳюнистӣ бо тарҳҳои ҷадиди шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва атрофи Қудси ишғолиро ба шиддат маҳкум кард.

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон бо судури баёнияе, мувофиқати режими саҳюнистӣ бо тарҳҳои ҷадиди шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва атрофи Қудси ишғолиро ба шиддат маҳкум кард ва онро ҳамроҳ бо изҳороти ифротии вазири хориҷаи ин режем, иқдоми таҳрикомез ва нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ донист.

Муҳаммад ибни Абдулкарим Ал-Исо, дабири кулли ин иттиҳодия, сиёсатҳои режими саҳюнистиро беэътиноии ошкор ба ҷон ва ҳуқуқи миллати Фаластин ва нақзи ҳамаи арзишҳо ва қавонини байналмилалӣ донист ва афзуд, ки ин давлати ифротӣ бо рафтори ҷинояткоронаи худ, бузургтарин монеи таҳаққуқи сулҳи одилона ва фарогир дар минтақа аст.

Вай бар ҳаққи таърихӣ ва қонунии миллати Фаластин бар сарзамини худ таъкид ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост бо рӯйкарди ҷиддӣ ва масъулона, ба ин буҳрони инсонӣ поён диҳад ва аз ҳаққи миллати Фаластин барои таъйини сарнавишт ва ташкили кишвари мустақил ҳимоят кунад.

Бузол Исмутрич, вазири дороии режими саҳюнистӣ ахиран аз тасмими ин режим барои сохти се ҳазору 401 хонаи маскунии ҷадид дар минтақаи E1 дар дар наздикии Қудс, воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ хабар дод.

Вай гуфт, ки проекти Е1 ироа мешавад, ки идаи ташкили кишвари (мустақилли] фаластиниро дафн кунад.

Ба гуфтаи ин вазири тундрави кобинаи Нетаняҳу, ин проект шомили сохти беш аз 3400 хонаи маскунии ҷадид дар Қудс аст, ки иртибот миёни шаҳрҳои Ромуллоҳ ва Байтлаҳмро қатъ хоҳад кард.

https://tajikpress.com/2025/08/15

captcha