Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз «Алҷазира», ин китоб як манбаи омӯзишии муътамад барои ҳофизони Қуръон ва дӯстдорони тадаббур дар оятҳо мебошад, ки муаллифаш онро дар дохили зиндонҳои режими саҳюнистӣ навиштааст.
Рамазон Машоҳира, ки аз шогирдони Яҳё Синвор, раиси пешини ҳаракати Ҳамос будааст, дар замони асораташ дар зиндон бо Синвор нишасту гуфтушунидҳои мазҳабӣ баргузор мекардааст.
Қарор аст рӯзҳои шанбе (25-уми мурдод) ин китоб дар як маросими махсус бо ҳузури уламои исломӣ дар намоишгоҳ муаррифӣ шавад.
Дар ин маросим, намунаҳои аслии китоб, инчунин нақшаҳои ибтидоӣ ва мусаввадаҳое, ки ба таври махфиёна ба дохили зиндон интиқол ёфта буданд, ба намоиш гузошта мешаванд.
Машоҳира дар бораи ангезаи худ мегӯяд:
«Бори аввал фикри навиштани 'Қуръони ҳофиз' вақте ба сарам омад, ки дар зиндон шуруъ ба ҳифзи Қуръон кардам. Вақте ба оятҳое мерасидам, ки дар онҳо калимаҳои монанд буданд мисли "кофирон", " золимон", "фосиқон" ва ё ибораҳое чун "Азизу Ҳаким", "Алиму Ҳаким" дар фаҳм ва фарқ кардани онҳо ба душворӣ дучор мешудам».
Ӯ пас аз соли 2012 ба таври ҷиддӣ таҳқиқот ва ҷамъоварии манбаъҳоро шуруъ кард, то як манбаи таълимии Қуръонӣ таҳия намояд, ки дар роҳи ҳифз, барои ҳофизон осоникунанда бошад ва мушкилоти онҳоро ҳал кунад.
Машоҳира, ки барои ин китобаш аз вазорати авқофи Фаластин иҷозатнома гирифтааст, илова мекунад:
«Ин китоб як кори вақфӣ ва фақат барои ризои Худо аст. Аз рӯзи аввал нияти ман ҳамин буд. Ҳеч суди шахсӣ аз он нест».
Ба гуфтаи ӯ, иҷрои ин тарҳ даҳ сол тӯл кашида, ва дар ин муддат ӯ рӯзона тақрибан 10 соат вақти худро ба навиштани он бахшидааст.
Ин озодшудаи фаластинӣ дар охир бо эҳсос мегӯяд:
«Дар замони зиндон, ҳамсарам дасти ман, чашми ман ва тарҷумони фикрҳои ман буд. То охири умр муҳаббат ва меҳрубонии ӯро фаромӯш нахоҳам кард».
4300123