Ҳуҷҷатул-ислом Алӣризо Қубодӣ, ҷомеашинос ва коршиноси масоили динӣ, як силсила мақолаҳо навиштааст дар мавриди ҷойгоҳи сулҳ дар Қуръони Карим, ки як қисматашро пойинтар мехонед.
Дар бахши аввал, мухтасар дар бораи аҳамияти сулҳ дар равобит ва зиндагии иҷтимоӣ гуфта шуда буд. Дар бахши дуввум ба маъно ва ҳаммаъноҳои калимаи "сулҳ" дар Қуръон пардохта шуд. Ин бахш ба ду ояти муҳим дар мавзӯи сулҳ ишора мекунад: оятҳои 61 ва 62-и сураи Анфол.
Дар мақолаи гузашта гуфта шуда буд, ки решаи калимаи "салм" (س-ل-م) дар Қуръон ба маънои сулҳ аст. Аз ин реша калимаҳои "силм" ва "салм" (бо касра ва фатҳаи син ва сукуни лом) истифода шудаанд, ки ҳар ду маънои оромӣ ва сулҳ медиҳанд. Албатта, аз ҳамин реша калимаҳои дигаре низ ҳастанд, ки маънои гуногун доранд, вале онҳо ба мавзӯи мо иртибот надоранд.
Яке аз оятҳое ки калимаи "салм" дар он ба маънои сулҳ омадааст — оят 61 сураи Анфол мебошад. Шояд ин оят яке аз муҳимтарин оятҳо дар мавзӯи сулҳ бошад, чунки мавзӯи оятҳо дар ҳамин қисмат дар бораи ҷанг, сулҳ, аҳдномаҳо ва шикастани аҳд аст. Ва ин оят дар бораи сулҳ ба шакли равшан сухан мегӯяд.
Дар оят 61 омадааст:
"Ва агар онҳо ба сулҳ майл карданд, ту ҳам ба он майл кун ва ба Худо таваккал намо, ки Ӯ шунаванда ва доност."
(وَإِنْ جَنَحُوا لِلسَّلْمِ فَاجْنَحْ لَهَا وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ)
Баъд дар ояти дигар, яъне 62, ба баъзе нигарониҳо дар мавриди фанду найрангҳои душман ҷавоб дода мешавад ва мегӯяд:
"Агар ҳам мехоҳанд туро фиреб диҳанд, пас Худо бароят кофист. Ӯ касест, ки бо кӯмаки Худ ва бо мӯъминон туро ёрӣ додааст."
(وَإِنْ يُرِيدُوا أَنْ يَخْدَعُوكَ فَإِنَّ حَسْبَكَ اللَّهُ هُوَ الَّذِي أَيَّدَكَ بِنَصْرِهِ وَبِالْمُؤْمِنِينَ)
Ин ду оят, ки ба пайғамбари Ислом (с) хитоб мекунанд, таъкид доранд: агар душман тарафи сулҳ гирад, ту ҳам онро қабул кун ва ба Худо таваккал кун. Аз чизе натарс, ҳатто агар фикр кунӣ, ки шояд дар пушти парда чизе бошад ва омода набошӣ. Зеро ҳеҷ чиз аз Худо пинҳон намемонад ва ҳеҷ нақшае наметавонад Ӯро ғофил гирад. Худо туро ёрӣ мекунад ва кофист.
Тавре ки дар оятҳои 61 ва 62 дида мешавад, қабул кардани сулҳ як амри табиӣ ва ҳатмӣ аст, ва гумонҳои беасоси инсон набояд монеаи он шаванд.
Сиёқ ва заминаи ин оятҳо нишон медиҳад, ки ин гуфтугӯ ҳатто дар бораи душманоне меравад, ки пештар аҳдшиканӣ карда буданд. Бо вуҷуди он, Қуръон мегӯяд: агар боз ҳам ба сулҳ майл карданд, ту ҳам онро қабул кун.
Аз ҷиҳатҳои ҷолиб ва зикршаванда дар ин оят, калимаи "ҷанаҳ" (جنح) — ба маънои майл кардан ё таҳти сулҳ омадан — аст, ки ҳам барои душман ва ҳам барои пайғамбар истифода шудааст. Яъне, ҳамон калима барои ҳар ду ҷониб ба кор рафта, ки маънои мутақобили сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро мерасонад.
4301513