IQNA

Кӯдакони деҳаи Ҷаҷи дар Косово алифбои арабиро ёд гирифтанд

17:43 - September 02, 2025
рақами хабар: 3804
Кӯдакони деҳаи Ҷаҷи дар кишвари Косово нахустин муваффақияти худро дар омӯхтани алифбои арабӣ ҷашн гирифтанд — иқдоме, ки ба хотири омодагӣ барои тиловати Қуръони карим анҷом шуд.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз сомонаи “Мусалмонон дар ҷаҳон”, дар масҷиди маҳаллӣи ин деҳа як маросими шодиву таҳният баргузор шуд, зеро кӯдакон 23 маротиба даври алифбои арабиро бо муваффақият пушти сар карданд.

Ба гуфтаи Раёсати занони Шӯрои Исломии Косово дар Фейсбук, ин як қадами аввал ва асосӣ барои шурӯи тиловати Қуръон ва фаҳми асли тафаккури исломист.

Ин дастовард нақши муҳим ва муассири мактабҳои Қуръонӣ дар масоҷиди Косово-ро нишон медиҳад марказҳое, ки ба тарбияи насли ҷавон асоси динӣ ва ҳувияти исломӣ мебахшанд.

Рамзия Ҳутӣ, омӯзгоре ки дар тӯли чор моҳ дарсҳои кӯдаконро роҳбарӣ кардааст, гуфт:

«Бо он ки деҳа хурд аст ва хонаҳо ангуштшуморанд, фарзандонамон бо муҳаббат, эҳтиром ва хоҳиши зиёд ба дарсҳо меоянд. Ин ҷаласаҳоро пур аз шодӣ ва ҷиддият мекунад.»

Раёсати занонаи ҷомеаи исломии Косово тавассути шабакаи омӯзгорони бону, талош дорад, то ба ҳамаи масҷидҳо — ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам деҳаҳо, ҳатто хурдтарин — дастрасӣ пайдо кунад, то ягон хона аз таълими Ислом ва тиловати дурусти Қуръон маҳрум намонад.

Хонум Воҷида Беняко, раиси бахши занонаи ҷомеаи исломии Косово, дар ин ҷашн ҳузур дошт ва як суханронии таъсирбахш дар бораи аҳамияти таълими динӣ, ваҳдати ҷомеа ва пойбандӣ ба арзишҳои исломӣ ироа намуд.

4302709

captcha