IQNA

Ҳамос ҳамла ба беморхонаи «Шаҳидони Ақсо»-ро шадидан маҳкум кард

17:49 - September 02, 2025
рақами хабар: 3805
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо нашри як баёния, ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба беморхонаи “Шаҳидони Ақсо” дар шаҳри Дайр ал-Балахи Ғаззаро як ҷинояти ошкорои ҷангӣ номид ва онро шадидан маҳкум кард.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Ал-Ҷазира, Ҳамос таъкид кард:

«Ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ишғолгар ва террористи режими саҳюнистӣ ба бахши табобати сариристӣ (амбулаторӣ) дар беморхонаи шаҳидони Ақсо як ҷинояти ошкорои ҷангист. Ҳадафи ин ҳамла нобуд сохтани тамоми бахши тиббӣ ва зерсохторҳои ғайринизомӣ дар Навори Ғазза мебошад.»

Ҳамас дар идомаи баёнияи худ илова кард:

«Мо аз Иттиҳодияи Араб, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ниҳодҳои вобастаи он талаб мекунем, ки барои қатъи ҷиноятҳои ваҳшиёна ва наслкушии ошкор, ки ҳукумати ҷинояткор ва ҷангии Нетаняҳу бар зидди миллати Фаластин анҷом медиҳад, чораҳои ҷиддӣ андешанд.»

Ҳамос ҳамчунин хост, ки ин ниҳодҳо:

«Барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён, муҳофизати беморхонаҳо ва муассисаҳои ҷамъиятӣ мудохила кунанд ва режими исёнгарро ба хотири таҷовузҳои бесобиқааш зидди ҳуқуқу қонунҳои байналмилалӣ муҷозот намоянд.»

Ба гуфтаи манобеи хабарӣ, режими саҳюнистӣ барои чордаҳумин бор беморхонаи “Шаҳидони Ақсо”-ро дар шаҳри Дайр ал-Балахи Ғазза бомбарон кардааст. Дар натиҷаи ҳамла ба бахши табобати сариристии беморхона, теъдоде аз беморон шаҳид ва маҷрӯҳ шудаанд.

4302776

captcha