Ба гузориши "ИҚНО" ба нақл аз хабаргузории расмии Қатар, ин барнома, ки аз тарафи Иттиҳодияи ҷаҳонии Исломӣ ташкил шуда буд, рӯзи душанбе, 1-уми сентябр, дар пойтахти Малайзия ба анҷом расид.
Дар ин маҷлис, гурӯҳе аз уламову мутахассисони улуми Қуръонӣ ва қироат, инчунин ҳазорон ҳофизи Қуръон аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ширкат доштанд.
Ин аввалин маҷмаа дар навъи худ буд ва бо ҳадафҳои зерин баргузор шуд:
баррасии мушкилот ва норасоиҳо дар раванди тасдиқи шаҳодатномаҳои иҷозати Қуръонӣ,
дида баромадани ҳолатҳои додани шаҳодатнома ба афроде, ки малака ё салоҳияти кофӣ надоранд,
расидан ба ҳамкорӣ ва ҳамгироии муассисаҳо ва марказҳои тахассусӣ дар санҷишу тасдиқи ин шаҳодатномаҳо,
ва табодули таҷриба миёни мутахассисон.
Ҳамчунин дар ҷараёни маҷмаа барномаи шаҳодатномаи байналмилалии иҷозатҳои Қуръонӣ роҳандозӣ шуд. Ин тарҳ ба хотири:
боло бурдани эътибор ва боварии мардум ба ин шаҳодатномаҳо,
ва ҳифзи мақоми ҳофизони Қуръон тавассути як раванди дақиқ ва механизми муназзам, таҳия шудааст.
Дар маросими анҷомёбӣ, Шайх доктор Муҳаммад ибни Абдулкарим ал-Исо дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии Ислом ва раиси Иттифоқи уламои мусалмон дар суханрониаш фаҳмонд, ки минбаъд раванди додани иҷозатҳои Қуръонӣ чӣ гуна хоҳад буд.
4303047