IQNA

Гузориши таҷлил аз солгарди мавлуди Паёмбари Акрам (с) дар масҷиди Нурии Мосул

15:50 - September 05, 2025
рақами хабар: 3819
Масҷиди ҷомеи Нурии Мосул, ки баъди бозсозӣ ба тозагӣ боз шуд, шоҳиди баргузории ҷашни мавлуди Паёмбари ислом (с) гардид.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Шафақ Нюс, масҷиди ҷомеи Нурии Мосул, ки баъд аз ҳафт соли хомӯшӣ ва вайронӣ — аз замони тарконидани он аз тарафи ДОИШ дар соли 2017 — дубора бо ҳузури пуршумори мардум мизбони маросими динӣ шуд. Ин масҷид аввалин бор баъд аз бозшавиаш ҷашни мавлуди Паёмбарро баргузор кард.

Ин ҷашн, ки бо иштироки садҳо нафар аз сокинони шаҳр ва чанд нафар аз масъулини маҳаллӣ баргузор шуд, рӯҳи маънавиро ба масҷид ва сокинони Мосул баргардонд. Ин чорабинӣ ду шодиро якҷо кард: бозсозии ин масҷид ҳамчун рамзи мазҳабӣ ва фарҳангии шаҳр, ва таҷлили мавлуди Паёмбари Акрам (с).

Шайх Зокир Ҳасавӣ, имом ва хатиби масҷид гуфт: «Имрӯз рӯзи ду шодист — шодии мардум аз зинда шудани масҷиди Нурӣ ва шодии ҷашни таваллуди Паёмбари азим (с), ки табассумро ба рӯйи мардум ва умедро ба қалбҳояшон баргардонд».

Ба гуфтаи сокинон, бозгашти ҷашнҳо ба масҷид аломати возеҳи муқовимати мардуми Мосул аст ва паём медиҳад, ки зиндагӣ, новобаста ба сахтии шароит, дубора бармегардад. Зиёда аз 2000 нафар дар ҷашни мавлуди Паёмбари Ислом (с) дар ин масҷид иштирок карданд.

Масҷиди ҷомеи Нурӣ бо иштироки Муҳаммад Шиёъ Судонӣ — Сарвазири Ироқ расман бозгушоӣ шуд. Сарвазир бозсозии минораи таърихии Ҳадбоъро рамзи дигари пирӯзии бузурги миллати Ироқ бар гурӯҳҳои тираандеш донист. Ӯ гуфт, ин бозсозӣ нишон медиҳад, ки талошҳои доимии онҳо барои ангехтани низоъ, тафриқа ва кина миёни фарзандони миллат ба нокомӣ дучор шуд.

Судонӣ аз тамоми тарафҳое, ки дар эҳёи ин мероси гаронбаҳо саҳм гирифтанд — аз ҷумла давлати Аморати Муттаҳидаи Араб, ЮНЕСКО, Вазорати фарҳанги Ироқ, Дивони Вақфи Суннӣ, вилояти Мосул, коршиносони байналмилалӣ ва ироқӣ, ва тамоми тарафдорони лоиҳаи “Эҳёи рӯҳи Мосул” — изҳори миннатдорӣ кард.

4303371

captcha