Шасту якумин сураи Қуръони Карим "Саф" ном дорад. Ин сура бо 14 оят дар ҷузъи бисту ҳаштуми Қуръони Карим қарор гирифтааст. Ин сура, ки ҷузъи сураҳои маданӣ аст, дар тартиби нузул, саду ёздаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.
иллати номгузории ин сура ба "Саф" ба далели омадани ин вожа дар ояти чаҳорум аст, ки ишора ба сафи ҷиҳодгарон сухан мегӯяд. Аз мавзӯъоте, ки дар ин сура матраҳ шуда сипос ва ситоиши Худованд, сарзаниш ва танбеҳи касоне, ки гуфторашон бо кирдорашон яксон нест, пирӯзии ниҳоии дини Худо ва ҷаҳонгир шудани он ва бенатиҷа будани талоши мухолифон барои ҷилавгирӣ аз он ва ташвеқи инсонҳо ба ҷиҳод бо мол ва ҷон аст.
Ин сура, мӯъминонро ба ҷиҳод дар роҳи Худованд ва мубориза бо душманони дин ташвеқ мекунад. Ва хабар медиҳад, ки ин дин нуре аст дурахшон аз ҷониби Худованд, ки афроди бедин мехоҳанд онро хомӯш кунанд. Ҳамчунин Паёмбари Ислом(с), аз сӯи Худованд ба ин ҷойгоҳ расида то дини ҳаққро ба мардум бирасонад; Ҳамон дине, ки Исо ибни Марям (а) хабари омаданашро ба банӣ Исроил дода буд.
Ҳамчунин дар ин сура таъкид шудааст, ки мӯъминон ҳаргиз ончиро, ки худ амал намекунанд ба дигарон тавсия накунанд ва ба ончи қавл медиҳанд, амал кунанд. Агар бадқавлӣ кунанд хатари эҷоди инҳироф дар дилҳояшон вуҷуд дорад; Ҳамонтавр, ки ин инҳироф дар қавми ҳазрати Мӯсо (а) эҷод шуд.
Дар ояти интиҳои ин сура низ ба ҳавориюн ба унвони ёрони хос ва баргузидаи ҳазрати Исо (а) ишора шудааст.
Аз оёти машҳури ин сура, ояти نَصْرٌ مِّنَ اللَّهِ و َفَتْحٌ قَرِیبٌ (Саф/ 13) аст, ки ба мӯъминон хабари пирӯзиро додааст. Бархе муфассирон гуфтаанд, ин оят ба мавзӯъи фатҳи Макка дар замони Паёмбари Ислом (с) ишора дорад, аммо бархе муфассирони дигар мӯътақид ҳастанд, ин оят ба пирӯзии ниҳоӣ мӯъминон ишора дорад, ки дар охируззамон иттифоқ хоҳад афтод.