Ба гузориши ИКНО, тафсири “Ал-Баён Фи Тафсири-л-Қуръон” асари Оятуллоҳи Хуӣ аз ҷумлаи тафосири давраи муосир аст, ки аз замони таълиф токунун дар муҳитҳои илмӣ мавриди тавваҷӯҳ будааст. Ин тавваҷӯҳ то ҳадди зиёде ба далели шахсияти барҷастаи илмии Оятуллоҳи Хуӣ ва ба коргирии равиши иҷтиҳодӣ дар тафсири Қуръони Карим аст. Иҷтиҳод ба болотарин дараҷаи илмӣ ва тавоноии истихроҷи аҳкоми шаръӣ гуфта мешавад. Ин тафсир, ки ба забони арабӣ нигориш шуда, шомили баъзе аз мабоҳиси улуми қуръонӣ аз ҷумла эъҷоз, таҳриф, насх ва низ тафсири сураи Ҳамд аст.
Дар бораи муаллиф
Сайид Абулқосими Мусавии Хуӣ (1899-1992) аз мароҷеи тақлиди шиъа ва нависандаи маҷмуаи 23 ҷилдии муъҷамур-риҷол-ул-ҳадис буд. “мӯъҷам” аз истилоҳоти илми ҳадис аст ва ба китобе гуфта мешавад, ки дар он, аҳодис бар асоси асомии саҳоба, шаҳрҳову қабилаҳо гирдоварӣ шуда бошад.
Олимоне аз ҷумла Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Сайид Алии Систонӣ, Сайид Мусо Садр аз шогирдон Хуӣ будаанд.
Бисёре аз осори Хуӣ, дар китобе панҷоҳ ҷилдӣ бо унвони “Мавсуат-ул-Имом Хуӣ” гирдоварӣ шудааст
Равиши тафсирии Ал-Баён
Эшон дар мабоҳиси муртабит бо тафсири оятҳо монанди: вожашиносӣ, нукоти адабӣ, ироаи бардошти тафсирӣ аз оятҳо ё баррасии дидгоҳҳои тафсирӣ, бо такя ба тавони илмии болои худ, ба нақду баррасии дидгоҳҳову ироаи далоил ва истидлолҳои ҷадид мепардозад.
Аз ҷумлаи вижагиҳои ин тафсир ҷомеънигарии илмӣ аст. Оятуллоҳи Хуӣ бо пуштвонаи бузурги илмӣ ба нигориши тафсири “Ал-Баён” иқдом кардааст. Ба ҳамин далел, илова бар навоварӣ ва иҷтиҳод, ҷомеънигарӣ ва баҳрагирии муаллиф аз донистаҳои тафсирӣ, ҳадисӣ, каломӣ, фиқҳӣ, усулӣ, ҳукмӣ, адабӣ ва таърихӣ дар тафсири Қуръон намоён аст.
Оятуллоҳи Хуӣ бо интиқод аз муфассироне, ки Қуръонро танҳо аз як ҷанба баррасӣ кардаанд, зарурати нигариши ҷомеъгароёна ба Қуръонро матраҳ мекунад. Эшон муътақид аст: “ағлаби муфассирон танҳо ба бахше аз мабоҳису улуми Қуръон пардохта ва аз қисмати дигари онки метавонад азимат ва воқеияти Қуръонро нишон диҳад, ғафлат кардаанд.
Оятуллоҳи Хуӣ дар тафсири “Ал-Баён” дар дараҷаи нахуст талош карда аввалан тафсири худ аз оятҳо ва дуюман нақду баррасии дидгоҳҳои тафсириро бо муроҷиа ба оятҳои Қуръон анҷом диҳад.