Ба гузориши ИКНО ба нақл аз СобиринНиюз, дар остонаи Арбаини Имом Ҳусайн (а) аз ҷадидтарин расм дар майдони Фирдавс дар маркази Бағдоди Ироқ рӯнамоӣ шуд.
Наққошии майдони Фирдавси шаҳри Бағдод ба муносибати зиёрати пурбаракати Арбаин бо тарҳе ҷадид ороста шудааст, ки нишонгари саховату меҳмоннавозии мардуми Ироқ дар пешвоз аз зоирони ҳусайнӣ мебошад.
Дар ин расм бо шиори “дар Ироқи Ҳусайн суфрае аз Мавсил то Басра паҳн аст”, тасвире аз гунбаду боргоҳи Имом Ҳусайн (а) ва падараш Амиралмӯъминин, Алӣ (а) ва намодҳое аз манотиқи шимол то ҷануби Ироқ нақш баста ва зоиронро аз хурдсол то пиру маълул нишон медиҳад, ки барои расидан ба ҳарами Имом Ҳусайн (а) километрҳо пиёдаравӣ мекунанд дегҳое, ки дар он барои пешвози зоирон пухту паз мешавад.
Ин рӯзҳо ҳаракати ҷамъияти ошиқони Имом Ҳусайн (а) ба самти Карбало бевақфа идома дорад ва Вазорати кишвари Ироқ ҳам эълон кард, ки шумори зоирони хориҷӣ, ки аз гузаргоҳҳои марзии заминӣ ва се фурудгоҳи Наҷаф, Басра ва Бағдод худро барои Арбаин ба Ироқ рисондаанд ба фаротар аз ду миллион нафар расидааст.