IQNA

Баргузории курси омӯзишии “Идоракунии созмонҳои исломӣ” дар Қазон

10:42 - October 31, 2025
рақами хабар: 4056
Барномаи омӯзишии касбӣ бо унвони «Идоракунии созмонҳои динии исломӣ: ҷанбаҳои ташкилотӣ, ҳуқуқӣ ва равоншиносӣ» бо ташаббуси Академияи исломии Булғор дар шаҳри Қазон — пойтахти Ҷумҳурии Татаристон — баргузор гардид.

Ба гузориши ИҚНО аз Muslims Around The World, дар ин барнома 28 намоянда аз 13 минтақаи Русия ширкат карданд. Ин рӯйдод имконият фароҳам овард, то иштирокчиён дониши худро дар соҳаи идоракунии ҳуқуқӣ ва ташкилии созмонҳои динии исломӣ мукаммал намоянд ва қобилиятҳои равоншиносии ташкилотӣ ва иртиботиро беҳтар созанд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, баргузории чунин барномаҳо ба рушди ҷомеаи мусалмонон дар минтақа, инчунин ба тақвияти гуфтугӯи байнидинӣ ва арзишҳои суннатии динӣ мусоидат мекунад.

Ин давраи омӯзишӣ ҳамчунин қисме аз як лоиҳаи федералӣ дар сатҳи Русия буд, ки бо дастгирии ташкилотии Бунёди пуштибонии фарҳанг, илм ва маорифи исломӣ дар Русия амалӣ мешавад. Ҳадафи асосии он — пешгирӣ аз ҳодисаҳои иғвоангезӣ ва ҷилавгирӣ аз ангехтани нафратҳои қавмӣ, миллӣ ва динӣ мебошад.

Курс бо супоридани гувоҳномаҳо (сертификатҳо) ба иштирокчиён анҷом ёфт. Дар маросими поёнӣ Шайх Юсуф Хазрат Байбарсов, муовини муфтии вилояти Пензаи Русия дар умури динӣ, суханронӣ карда, таъкид намуд, ки чунин барномаҳо замина барои афзоиши маърифат, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва фаъолиятҳои муассир дар арсаи динӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меоранд.

Қазон (ё Казан) — пойтахти Ҷумҳурии Татаристон дар ҳайати Федератсияи Русия мебошад. Ин шаҳр яке аз бузургтарин ва муҳтартарин шаҳрҳои Русия ба ҳисоб меравад ва баъзан онро пойтахти сеюми Русия меноманд. Пас аз мизбонӣ кардани Ҷоми ҷаҳонии футбол соли 2018, Қазонро пойтахти варзишии Русия низ мешиносанд.

Созмони байналмилалии ЮНЕСКО соли 2005 1000-солагии Қазон-ро ҷашн гирифт, зеро ин шаҳр намунаи зиндагии осоиштаи байни масеҳиён ва мусалмонон шуморида мешавад.

Қазон ҳамчунин яке аз марказҳои асосии ҷамъшавии мусалмонон дар Русия аст. Масҷиди маъруфи Қазон, ки онро “Масҷиди ҳазорсолагӣ” низ меноманд, машҳуртарин бинои исломии ин минтақа мебошад. Сабаби ин ном он аст, ки масҷид ба муносибати ҳазорсолагии вуруди дини Ислом ба ин сарзамин бунёд ёфтааст.

4313505

captcha