Ба гузориши ИКНО ба нақл аз хабаргузории Анатолия, сеюмин давраи мусобиқот “Зеботарин тиловати Қуръон” ба ҳиммати Дорулфатвои Қирғизистон ва дар масҷиди Эмом Сарахсии Бишкек баргузор шуд. Дар ин давра аз мусобиқот, ки ду рӯз ба тӯл анҷомид ва рӯзи ҷумъа ба кори худ поён дод раёсати ҳайати доваронро Шайх Аҳмади Ал-Маъсаровӣ, қории мисрӣ бар уҳда дошт.
Қорион аз 25 кишвар аз ҷумлаи Туркия дар ин мусобиқа ширкат карданд ва пас аз рақобат, Муҳаммад Навид аз Покистон муваффақ ба касби мақом аввал шуд ва Муҳаммад Ал-амин Маволидӣ аз Босния ва Аҳмад Ақил Бен Аҳмад Шукрӣ аз Малайзия мақомҳои дувум ва сеюмро касб карданд.
Замир Рокиев, муфтии Қирғизистон дар маросими таҷлил аз барандагони ин мусобиқа тасреҳ кард: дар нахустин давра аз ин мусобиқот шоҳиди ҳузури ширкаткунандагоне аз 12 кишвар, дар Дуюмин давра аз 16 кишвар ва дар сеюмин давра ширкаткунандагоне аз 25 кишвар будем.
4166448