
Ба гузориши ”ИКНА” ба нақл аз “Ватан”, деҳаи Қуръон, деҳаи қуръонӣ, деҳаи ҳофизони китоби Худо, ва деҳаи парчамдорони Қуръон номҳои мутааддиде барои деҳаи “Матер Тарис” аз тавобеъи шаҳри Санореси деҳаи “Ал-Фиюм” дар кишвари Миср аст.
Солҳо пеш нахустин мактабхонаҳои ҳифзи Қуръони Карим барои кӯдакон дар ин шаҳр доир шуд ва то ба имрӯз ҳеҷ хонае дар ин русто нест, ки як ё чанд ҳофизи китоби Худо надошта бошад ва ҳатто дар даҳҳо хонаи деҳа ҳама аъзои хонавода аз пир ва ҷавон ва зан ва мард ба ҳифзи Қуръони Карим иқдом карданд.
Деҳаи Матер Тарис танҳо дар сатҳи кишвари Миср шинохта шуда нест, балки аз замоне, ки фарзандони ин русто дар мусобиқоти ҷаҳонии ҳифзи Қуръони Карим низ дурахшидаанд, овозаи он ба бисёре аз кишварҳо расидааст.
Рақобати шадиде байни ҳамаи аҳолии русто барои ҳифзи Қуръони Карим вуҷуд дорад то ҷое, ки теъдоди ҳофизони Қуръон дар ин русто ба беш аз 20 ҳазор нафар мерасад.
Шайх Аҳмад Муҳаммад Юсуф, яке аз ҳофизони Қуръон дар деҳаи Матер Тарис, ки аз мӯътамидони донишгоҳи Ал-Азҳари Миср аст, бо баёни инки синни муносиб барои ҳифзи Қуръони Карим аз 5 солагӣ шурӯъ мешавад, таъкид мекунад: ҳифзи Қуръони кӯдакон ҳудуди 6 сол тӯл мекашд ва ба ҳамин далел аксари Қуръономӯзон то синфи шашум ё ҳаддиаксар давраи мактаби миёна ҳофизи кул ҳастанд.
https://iqna.ir/fa/news/4143764