
Тибқи гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Ад-Дастур», Идораи авқофи Тафила дирӯз, 26 моҳи обон, тавассути бахши масҷидҳо, барномаи ҷамъоварии Қуръонҳои кӯҳна ва осебдида ва таъмири нусхаҳои ҳанӯз қобили истифодаи онҳоро оғоз намуд.
Бар асоси ин барнома, нусхаҳое, ки дигар истифодаашон имкон надорад, бо риояи қоидаҳои шаръӣ ва ба хотири эҳтиром ба каломи Худо, ба таври мувофиқ расидагӣ мешаванд.
Лӯай аз-Зуйнубот, мудири авқофи вилояти Тафилаи Урдун, гуфт: ин як тарҳи миллист, ки мувофиқи он дар беш аз 200 масҷиди Тафила Қуръонҳои кӯҳна ва осебдида ҷамъоварӣ карда мешаванд, то шумор ва вазъи нусхаҳои куҳна ё порашуда муайян гардад.
Ӯ афзуд: ин Қуръонҳо дар ҳолате ҳастанд, ки дигар хонда намешаванд, бинобар ин дар чорчӯбаи қоидаҳои шаръӣ ва бо эҳтиром нобуд хоҳанд гашт.
Аз-Зуйнубот таъкид кард: ҳадафи ин тарҳ тақдиму эҳтиром ба китоби Худо ва пешгирӣ аз ҳар гуна беҳурматӣ нисбат ба он аст. Агар вазъи Қуръон муносиб бошад, барои таъмир ва ҷилд намудани он чораҳо андешида мешавад.
Ӯ ҳамчунин гуфт: ин тарҳ мувофиқи ҷадвали муайяншуда, то як ҳафта дар минтақаҳои гуногуни вилоят идома меёбад ва бо ҳамкории бахши масҷидҳо, муаззинҳо, имомҳо ва кумитаҳои масҷидҳо иҷро мешавад.
Мудири авқофи Тафила илова кард: Вазорати авқофи Урдун ба Қуръон аҳамияти хос қоил аст ва дар ҷамъоварии нусхаҳои кӯҳна ва осебдидаи Қуръон нақши муҳими худро иҷро мекунад.
Ӯ дар поён хотиррасон намуд: гурӯҳе аз Идораи авқоф тамоми Қуръонҳо ва китобҳои осебдидаро аз масҷидҳои вилоят ва марказҳои вобаста ҷамъоварӣ карда, барои расидагӣ мувофиқи шариати исломӣ ба маркази масъул интиқол додаанд.
4317607