IQNA

Сураҳои Қуръон / 2

7 мавзӯъи калидӣ аз бузургтарин сураи Қуръон

10:52 - May 28, 2023
рақами хабар: 42
“Бақара” номи тӯлонитрин сураи Қуръон аст, ки бо 7 мавзӯъи асосӣ, муқаддимаи ҷомеъе барои фаҳми тамоми сураҳои Қуръон маҳсуб мешавад.

Бақара дуюмин сураи Қуръон ва пурфазилаттарин сураи Қуръон муаррифӣ шудааст. Ин сура дорои 286 оят аст, ки ҷузъи сураҳои “маданӣ” маҳсуб мешавад. Яъне аз ҷумла сураҳои қуръонӣ аст, ки пас аз ҳиҷрати Паёмбар аз Макка ба Мадина бар эшон нозил шудааст. Ба далели инки Паёмбар дар Мадина ташкили ҳукумат дод, бахши зиёде аз сураҳои маданӣ ба мавзӯъот ва аҳкоми иҷтимоӣ ва ташреъ ва қонунгузорӣ мепардозад. “баландо”, “барафроштатрин хаймагоҳ” ва “дурахшандатрин қисмати” Қуръон аз дигар асомии ин сура аст.

Сураи Бақара бо таъкид бар тардиднопазирӣ ҳидоят аз тариқи Қуръони Карим оғоз мешавад; Сипас ба гурӯҳбандии мардум дар баробари мунодёни Худо ва китоби ӯ мепардозад ва рӯйкардҳои мухталифи аҳли китоб, ба вижа яҳудиён дар замони нузули оётро баён мекунад. Сипас бо фарохондани ҳамаи инсонҳо ба бандгии Худо ва тақвои илоҳӣ, бо баёни дигар ба нафйи тардидҳо аз Қуръони Карим мепардозад.

Ҳамчунин ба баёни аҳволоти бархе яҳудиёни кофир мепардозад ва паймоншиканӣ, ноҷвонмрдӣ ва фасодангезиро омили асосии зиёнкории онон муаррифӣ мекунад. Пас аз он, бо фарохони муҷаддади инсонҳо ба бандгӣ ва фармонбардории Худованд, таъкид мекунад, ки куфрварзидан ба Худои якто падидаи бисёр аҷиб аст. Дар баёни аҷиб будани рафтори кофирон, зинда шудани мустамарри мурдагон аз сӯи Худованд ва оғози офариниши замин ва осмонро ёдоварӣ мекунад.

Моҷарои хилқати Одам ва Ҳаво, нофармонии Иблис аз саҷда бар инсон ва саргузашти Одам ва Ҳаво, ки бо фиреби Иблис ба замин ҳубут кардаанд, бахши дигаре аз сураи Бақара ва муқаддимае барои баёни ин матлаб аст, ки «рози растгорӣ, пайравӣ аз ҳидояти илоҳӣ, ва куфр ва такзиб, сабаби бадбахтӣ ва азоби абдӣ аст.

Муҳаммад Иззат Даруза, дар китоби “Тафсирул Ҳадис” мегӯяд, ки сураи Бақара муқаддимаи камубеш тӯлонӣ барои Қуръон аст, ки пас аз сураи “Ҳамд”, пешдаромади муносибе барои тамоми оёт ва сураҳои Қуръон дониста мешавад.

Сураи Бақара бо таваҷҷӯҳ ба тӯлонӣ будан, мазомини мутааддидеро мавриди баҳс қарор додааст, ки аслитарин мавориди он ба шарҳи зер аст:

  1. Тавҳид
  2. Зиндагии пас аз марг
  3. Аҳамияти Қуръон
  4. Коршиканиҳои яҳудиён ва мунофиқон
  5. Таърихи Анбиё
  6. Қавонини шаръӣ
  7. Кӯмак ба ниёзмандон

Калидвожаҳо: 114, мазомини Қуръон, сураҳои Қуръон, Бақара, Яҳуд, қонунгузории динӣ.

https://iqna.ir/fa/news/4067418/7

captcha